إعدادات العرض
Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд
Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands తెలుగు Kiswahili தமிழ் دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Wolof Soomaali Moore Українська Български Azərbaycan ქართული bm Oromoo Македонскиالشرح
Гуфтани суханони зишт ва амалҳои зишт аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) набуд ва қасдан ҳам анҷом намедоданд, ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) соҳиби ахлоқи бузург буд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод мефармуданд: Беҳтарини шумо дар назди Аллоҳ касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд, яъне кори нек анҷом медиҳанд, чеҳраи кушода доранд, аз озор расонидан ба дигарон парҳез мекунанд ва таҳаммули озор бар худро доранд ва дар таомул бо мардум бисёр меҳрубон ҳастанд.فوائد الحديث
Муъмин бояд аз бадгӯӣ ва бадрафторӣ дурӣ ҷӯяд.
Аз камоли ахлоқи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷуз амали нек ва некгуфторӣ набуд.
Ахлоқи нек майдони рақобат аст, ҳар кӣ дар он сабқат варзид, аз нектарин ва комилтарин муъминон аст.
التصنيفات
Ахлоқи писандида