Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон…

Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст

Аз Абумусои Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармудаанд, ки Қуръонро ҳифз кунед ва пайваста онро тиловат кунед, то пас аз ҳифзи он дар қалб онро фаромӯш накунед. Сипас савганд ёд карданд, ки рафтан ва фаромӯш шудани Қуръон аз синаҳо сареътар аз фирори шутуре аст, ки пойҳояш баста шудааст, ба гунае, ки агар инсон бар он муҳофизат кунад, онро нигоҳ медорад ва агар раҳояш кунад аз даст меравад.

فوائد الحديث

Ҳофизи Қуръон агар пайваста онро такрор кунад, дар синааш маҳфуз мемонад, вагарна аз ёдаш меравад ва фаромӯш мешавад.

Аз фоидаҳои пайваста тиловат кардани Қуръон: Аҷру савоб ва баланд шудани мақом ва мартаба дар рӯзи қиёмат аст.

التصنيفات

Фазилати иноят ба Қуръон