إعدادات العرض
Оё туро ба коре нафиристам, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маро барои анҷоми он фиристода буд? Инки ҳеҷ муҷассамаеро боқӣ нагузорӣ ва ҳар қабри баландро…
Оё туро ба коре нафиристам, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маро барои анҷоми он фиристода буд? Инки ҳеҷ муҷассамаеро боқӣ нагузорӣ ва ҳар қабри баландро дидӣ онро ҳамвор созӣ
Аз Абуҳайёҷи Асадӣ ривоят аст, ки гуфт: Алӣ ибни Абӯтолиб ба ман гуфт: Оё туро ба коре нафиристам, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маро барои анҷоми он фиристода буд? Инки ҳеҷ муҷассамаеро боқӣ нагузорӣ ва ҳар қабри баландро дидӣ онро ҳамвор созӣ.
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский اردو 中文 हिन्दी বাংলা Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Türkçe دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Wolof Soomaali Moore Українська Български Tagalog Azərbaycan ქართული bmالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ёрони худро мефиристод, то ҳар куҷо муҷассамае ҳаст онро аз байн бибаранд, муҷассама ҳар сурате аст, ки дар он чизи ҷондор тасвир шудааст, хоҳ он ба шакли ҳайкал бошад ё ба шакли дигар. Ҳар куҷо қабри баландро диданд онро ҳамвор кунанд ва биное, ки болои он аст хароб кунанд, ё онро ба андозае ҳамвор кунанд, ки на бештар аз як ваҷаб баланд бошад.فوائد الحديث
Таҳрими ба тасвир баровардани мавҷудоти зинда, зеро он аз василаҳои ширк аст.
Машрӯъияти бо даст аз байн бурдани мункар барои касоне, ки тавони онро доранд.
Таваҷҷуҳ ва аҳамияти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои аз байн бурдани осори ҷоҳилият, аз ҷумла тасвиру муҷассамаҳо ва биноҳое, ки болои қабрҳо сохта шудааст.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият