Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст

Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст

Аз Абумасъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, Худованд бадиҳоро аз ӯ дур мекунад. Ҳамчунин ворид шудааст, ки дар ивази намози шаб хондан барояш кифоят мекунад, ва гуфта шудаст: барояш дар ивази хондани дигар зикрҳо басанда аст, ва гуфтаанд: ин камтарин миқдор аз Қуръон аст, ки барои қиёми шаб кифоят мекунад. Ақволи дигар низ дар ин маврид ворид шудааст ва шояд ҳама ончи зикр шуд дуруст ва ҳама шомили як лафзанд.

فوائد الحديث

Баёни фазилати оятҳои охири сураи Бақара, ки оғоз аз (Омана расулу....) то охири сура аст.

Охири сураи Бақара, агар дар шаб хонда шавад, хонандаашро аз бадӣ ва шарри шайтон дур месозад.

Шаб аз ғуруби офтоб оғоз ёфта бо тулӯъи он поён меёбад.

التصنيفات

Фазоили сураҳо ва оятҳо, Зикрҳои субҳу шом