Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст

Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст, ва ҳаё шохае аз имон аст".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имон дорои шоха ва вижагиҳои бисёре аст, ки шомил амалҳову эътиқодот ва гуфторҳост. Баландтарин ва беҳтарин вижагиҳои имон гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" бо донистани маъно ва амал кардан ба муқтазои он аст, яъне Аллоҳ ҳамон маъбуди ягонае аст, ки танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст. Кӯчактарин шохаи имон аз роҳ дур кардани ҳар чизе аст, ки ба мардум зиён мерасонад. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳаё аз вижагиҳои имон ва хислате аст, ки инсонро ба анҷоми амалҳои зебо ва тарк кардани зиштиҳо бармеангезад.

فوائد الحديث

Имон дараҷаҳое дорад, ки бархе беҳтар аз бархе дигар аст.

Имон гуфтор, амал ва эътиқод аст.

Ҳаё дар пешгоҳи Аллоҳ Таъоло ин аст, ки: аз ончи туро наҳй фармудааст бадур бошӣ ва дар баробари ончи амр фармудааст ҳозир бошӣ.

Зикри адад инҷо ба маънои маҳдуд будани он нест, балки баёнгари бартар ва зиёд будани подоши амалҳои нек аст, зеро араб вақте як адади муайянро зикр кунанд манзурашон нафйи бештар аз он нест.

التصنيفات

Зиёд шудан ва кам шудани имон