Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, писари Марям ба зудӣ дар миёни шумо ба унвони довари одил фуруд меояд ва салибро мешиканад ва хукро мекушад ва андозро…

Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, писари Марям ба зудӣ дар миёни шумо ба унвони довари одил фуруд меояд ва салибро мешиканад ва хукро мекушад ва андозро мебардорад ва молу сарват фаровон мешавад, ки касе онро намепазирад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, писари Марям ба зудӣ дар миёни шумо ба унвони довари одил фуруд меояд ва салибро мешиканад ва хукро мекушад ва андозро мебардорад ва молу сарват фаровон мешавад, ки касе онро намепазирад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба наздик шудани фуруд омадани Исо ибни Марям (алайҳис-салом) савганд ёд мекунад, ки ӯ бо омаданаш дар миёни мардум бо адл ва мувофиқи шариати Муҳаммадӣ доварӣ мекунад. Ва ин ки ӯ салиберо, ки насрониҳо таъзимаш мекунанд, мешиканад. Ва ин ки Исо (алайҳис-салом) хукро мекушад. Ва ин ки ӯ ҷизяро аз миён бармедорад, ва мардум ҳама бояд ҳангоми омадани ӯ мусалмон шаванд. Ва ин ки молу сарват он қадар зиёд мешавад, ки касе онро намепазирад, зеро сарват фаровон мешавад. Ин ба сабаби нузули баракат ва сарозер шудани пай дар пайи хайрот мешавад, ки дигар ҳар кас аз доштаи худ қаноат мекунад ва аз мол бениёз мешавад.

فوائد الحديث

Исботи фуруд омадани Исо (алайҳис-салом) дар охири замон ва нузули ӯ аз нишонаҳои қиёмат аст.

Шариати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дигар шариатҳо насх (аз байн намебаранд) намекунанд.

Фуруд омадани баракатҳо дар мол дар охири замон бо бениёзии мардум аз он.

Башорат ба боқӣ мондани дини Ислом ки Исо (алайҳис-салом) дар охирзмон ба он ҳукм хоҳад кард.

التصنيفات

Паёмбарон ва расулони пешин алайҳимус-салом, Паёмбарамон Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), Зиндагии барзах, Куллиёти дини Ислом