Ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бибандад, ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах муҳайё созад

Ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бибандад, ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах муҳайё созад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бибандад, ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах муҳайё созад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар ки қасдан ба ӯ дурӯғ гӯяд ва сухане ё амалеро ба ӯ дурӯғ нисбат диҳад, дар охират ҷойгоҳе дар дӯзах дорад. Ва ин ҷазое аст барои дурӯғ бастан ба ӯ.

فوائد الحديث

Дурӯғ бастан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қасдан ва амдан, сабаби ворид шудан ба дӯзах аст.

Дурӯғ бастан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) монанди дурӯғ бастан бар дигар мардум нест. Зеро ба сабаби ин дурӯғ мафосиди зиёде дар дин ва дунё ба вуҷуд меояд.

Ҳушдор нисбат ба паҳн кардани ҳадисҳо пеш аз мутмаъин шудан аз дурустии нисбати он ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

التصنيفات

Аҳамияти суннат ва манзилати он, Ахлоқи нописанд