إعدادات العرض
Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед
Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед, ва на инки дар маҷолис болонишин бошед, зеро ҳар касе чунин кунад, ҷояш ҷаҳаннам аст, ҷаҳаннам".
[صحيح] [رواه ابن ماجه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Kurdî Wolof Moore Soomaali Français Oromoo Azərbaycan Tagalog Українська தமிழ் bm Deutsch ქართული Português Македонски Magyar Русский 中文 فارسیالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз талаби илм барои худнамоӣ назди уламо ва нишон додани худ ҳамчун як соҳибилм ва ё барои баҳс ва мунозира кардан бо аҳмақону камақлон, ё барои болонишин шудан дар маҷолис ва бартарӣ доштан бар дигарон, барҳазар доштаанд. Ҳар касе чунин кунад, ӯ бинобар риёкорӣ ва адами ихлос дар талаби илм, сазовори оташи дӯзах аст.فوائد الحديث
Барои касоне, ки илмро барои фахр ва риёкорӣ, ё барои баҳсу муноқиша ё барои болонишин шудан дар маҷолис ва ё барои дигар аҳдофи дунявӣ меомӯзанд, ваъдаи дӯзах дода шудааст.
Ихлос дар ният барои касоне, ки илм меомӯзанд ё таълим медиҳанд, бисёр муҳим аст.
Ният асос ва мабнои амалҳост ва бар асоси он подош дода мешавад.