Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад

Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки фармуд: Мардуме аз аҳли ширк, ки дар қатлу зинокорӣ зиёдаравӣ карда буданд, назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд ва гуфтанд: Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад? Пас, ин оят нозил шуд: "Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуди дигаре намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд" (Сураи Фурқон, ояти 68). Ва инчунин ояти дигаре нозил шуд: "[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед...," (Сураи Зумар, ояти 53).

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Гурӯҳе аз мушрикон назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, дар ҳоле ки бисёр муртакиби қатлу зино шуда буданд, ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Он чи ту ба сӯи он даъват мекунӣ, яъне Ислом ва таълимоти он, чизи хубе аст, аммо ҳоли мо ки муртакиби ширк ва кабоир шудаем чӣ гуна аст ва оё ин каффорае дорад? Пас, ин ду оят нозил шуд ва Аллоҳ тавбаи мардумро бо вуҷуди гуноҳони бузург ва зиёд, пазируфт. Ва агар чунин намебуд, ба куфру туғёнашон идома медоданд ва вориди ин дин намешуданд.

فوائد الحديث

Фазилат ва азамати Ислом ва ин ки гуноҳони пеш аз худро нобуд мекунад.

Фаровонии раҳмату мағфират ва омурзиши Аллоҳ нисбат ба бандагонаш.

Ширк ва куштан ба ноҳақ ва зино кардан ҳаром аст ва ҳар касе муртакиби ин гуноҳон шавад, барояш таҳдид ва ваъид аст.

Тавбаи самимӣ дар якҷоягӣ бо ихлос ва аъмоли нек ҳамаи гуноҳҳои бузург, аз ҷумла куфр ба Худои Таъолоро пок мекунад.

Ноумедӣ ва маъюсӣ аз раҳмати Аллоҳ Таъоло ҳаром аст.

التصنيفات

Ислом, Тафсири оятҳо