Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехост, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ

Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехост, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ

Аз ибни Абуавфо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехост, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳумма раббано лакал-ҳамд милъас-самовоти ва милъал - арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд" (Аллоҳ шунид онеро, ки ҳамдаш гуфт. Бор илоҳо ва Парвардигоро! Ҳамд аз они Туст, ба пурии осмонҳо ва ба пурии замин ва ба пурии ҳар он чи Ту пас аз он бихоҳӣ).

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехест, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ", яъне: Он ки ҳамди Аллоҳ Таъолоро ба ҷой оварад, Аллоҳ низ ӯро истиҷобат мекунад ва ситоиши ӯро мепазирад ва барояш аҷру савоб медиҳад. Сипас ҳамди Аллоҳро ин гуна ба ҷой меовард: "Аллоҳумма раббано лакал-ҳамд милъас-самовоти ва милъал - арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд" (Аллоҳ шунид он киро ҳамдаш гуфт. Бор илоҳо ва Парвардигоро! Ҳамд аз они Туст ба пурии осмонҳо ва ба пурии замин ва ба пурии ҳар он чи Ту пас аз он бихоҳӣ). Яъне, ҳамде, ки осмонҳо ва замин ва байни онҳоро пур мекунад ва ҳар чизеро, ки Аллоҳ бихоҳад пур мекунад.

فوائد الحديث

Баёни он чизе, ки намозгузор вакте сарашро аз рукуъ баланд мекунад, чӣ гӯяд ва гуфтанаш мустаҳаб аст.

Машруъ будани эътидол баъд аз бархостан аз рукуъ, чунки ин зикрро гуфта наметавонад, магар ин ки рост ва комил истода бошад ва ором гирад.

Гуфтани ин зикр дар ҳама намозҳо ҷоиз аст, хоҳ намози фарзӣ бошад ё нафлӣ.

التصنيفات

Obligatory Acts of Prayer, Равиш ва сифати намоз, Зикрҳои намоз