Ҳар соҳиби тилло ё нуқрае, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), рӯзи қиёмат барои ӯ тахтаҳои оташин сохта мешавад

Ҳар соҳиби тилло ё нуқрае, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), рӯзи қиёмат барои ӯ тахтаҳои оташин сохта мешавад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар соҳиби тилло ё нуқрае, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), рӯзи қиёмат барои ӯ тахтаҳои оташин сохта мешавад, ва он тахтаҳо дар оташи дӯзах тафсонда мегарданд. Сипас паҳлӯяш, пешонӣ ва пушташ бо онҳо тамға зада мешавад. Ҳар гоҳе, ки он тахтаҳо сард гардад, дубора гарм карда мешавад, дар рӯзе, ки дарозии он миқдори панҷоҳ ҳазор сол аст, то вақте ки байни мардум қазоват шавад, сипас роҳашро ё ба ҷаннат, ё ба дӯзах мебинад." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи шутурҳо пурсида шуд. Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар касе, ки шутур дорад ва ҳаққи онҳоро (монанди додани ҳаққи закот) намедиҳад, - ва яке аз он ҳуқуқ, душидани онҳо рӯзи обнӯшӣ ва бахшидани баъзе аз ширашон ба фақирон ва роҳгузарон аст - рӯзи қиёмат дар саҳрои васеи ҳамвор ва паҳновар хобонида мешавад ва шутурон бо беҳтарин ва фарбеҳтарин ҳолате, ки дар дунё доштанд, ҳатто як шутури ширхора ҳам кам намешавад, ӯро бо пойҳояшон зер мекунанд ва бо даҳонҳояшон мегазанд. Ҳар боре, ки охирин шутур аз болои ӯ гузарад, шутури аввали ба сари ӯ баргардонда мешавад. Ин ҳолат идома мекунад дар рӯзе, ки дарозии он миқдори панҷоҳ ҳазор сол аст, то миёни мардум қазоват шавад, он гоҳ мебинад, ки роҳаш ба ҷаннат аст ё ба дӯзах." Пурсида шуд: Эй Расули Худо! Пас говҳо ва гӯсфандҳо чӣ? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар соҳиби гов ё гӯсфанде, ки ҳаққи онҳоро намедиҳад, рӯзи қиёмат дар замини ҳамвор ва паҳновар хобонда мешавад. Говҳо ва гусфандҳо дар ҳоле, ки ҳатто яке аз онҳо кам нестанд, дар байн онҳо на шохшикаста аст, на бешох ва на гӯшбурида, ҳама солиманд. Бо шохҳояшон ба ӯ мезананд ва бо пояшон поймолаш мекунанд. Ҳар боре, ки аввалияшон аз болояш мегузарад, охиронаш ба сари ӯ баргардонда мешавад. Ин ҳолат идома мекунад дар рӯзе, ки дарозии он миқдори панҷоҳ ҳазор сол аст, то миёни мардум қазоват шавад, он гоҳ мебинад, ки роҳаш ба ҷаннат аст ё ба дӯзах." Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд, ки Ҳукми асп чист? Фармуданд: "Аспҳо се навъанд: аспе, ки барои соҳибаш гуноҳ аст, аспе, ки барои соҳибаш василаи осоиш ва пӯшонидани ниёз аст ва аспе, ки барои соҳибаш аҷру савоб аст. Аммо аспе, ки барои соҳибаш гуноҳ аст, шахсе аст, ки аспро бо нияти намоиш, фахрфурӯшӣ ва душманӣ бо мусалмонон нигоҳ медорад. Ин асп барои соҳибаш мояи гуноҳ аст. Аммо аспе, ки бар соҳибаш муҳофизат (ситр) аст, шахсе аст, ки аспро ба хотири Аллоҳ нигоҳ медорад ва фаромӯш намекунад, ки ҳангоми савор шудан бар ҳайвон, ё нигоҳдорӣ аз он, фармони илоҳиро дар бораи ҳайвон риоят кунад, чунин асп сабаби осоиш ва наҷоти соҳибаш мебошад. Аммо аспе, ки барои соҳибаш аҷру савоб аст. Шахсе аст, ки аспро барои ҷиҳод дар роҳи Худо, ё хидмат ба мусалмонон нигоҳ медорад, онро дар чарогоҳ ё боғи сабзе мебандад. Чунин асп барои соҳибаш мояи аҷру савоб аст. Ҳар чизе, ки аз он чарогоҳ бихӯрад, барои соҳибаш ба шумори баргҳо ё гиёҳоне, ки мехӯрад, ҳасанот ва некӣ навишта мешавад. Ба шумори саргинҳо ва пешобҳояш барои соҳибаш аҷру савоб навишта мешавад. Ҳатто агар асп ресмонашро пора карда аз як ё ду тепа гузарад, ба андозаи ҷои пойҳояш ва фазалоте, ки бар ҷо мегузорад, ба соҳибаш аҷру савоб навишта мешавад. Чунончи, агар аз дарёе бигзарад ва об бихӯрад, ҳатто агар соҳибаш қасди об доданашро надошта бошад, Аллоҳ Таъоло ба андозаи обе, ки он асп нӯшидааст, ба соҳибаш аҷру савоб менависад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) анвоъи молҳо ва дар рӯзи қиёмат ҷазои касоне, ки закоташонро намедиҳанд, баён намуданд. Аз ҷумла: Якум: Тилло ва нуқра ва ҳар чизе, ки дар ҳукми онҳо бошад, монанди молу колоҳои тиҷоратӣ, яъне чизҳое, ки закот бар онҳо воҷиб аст ва пардохта нашудааст. Дар рӯзи қиёмат, ин молҳо об карда мешаванд ва ба шакли лавҳаҳои оташин дароварда мешаванд. Онҳоро дар оташи дӯзах тафсон мекунанд ва соҳиби он молҳо бо ҳамин лавҳаҳо аз паҳлу, пешонӣ ва пушташ сӯзонида мешавад. Ҳар гоҳ ки ин оҳанҳои гудохташуда сард шаванд, боз гарм карда мешаванд ва ин азоб дар рӯзе, ки миқдораш ба андозаи панҷоҳ ҳазор сол аст, идома меёбад, то ин ки Худованд байни мардум ҳукм мекунад, ки ин шахс аҳли биҳишт аст ё аҳли дӯзах. Дуюм: Шахсе, ки соҳиби шутур аст ва закоти онро намедиҳад ва ҳаққи онро иҷро намекунад, аз ҷумла, надодани шир ба мискинон ва роҳгузароне, ки ҳангоми обхӯрии шутурон ҳозир мешаванд. Рӯзи қиёмат дар замини ҳамвор ва паҳноваре хобонида мешавад ва ҳамаи он шутурон, ки фарбеҳ ва сершумор ҳастанд, оварда мешаванд. Он шутурон бо пойҳояшон ӯро поймол мекунанд ва бо дандонҳояшон мегазанд. Ҳар боре, ки охирин шутур аз болои ӯ гузарад, шутури аввали ба сари ӯ баргардонда мешавад. Дар тӯли рӯзи қиёмат, ки миқдори як рӯзи он баробар ба панҷоҳ ҳазор сол аст, чунин азоб мебинад, то ин ки Аллоҳ Таъоло миёни мардум ҳукм ва қазоват намояд, он гоҳ мебинад, ки роҳаш ба ҷаннат аст ё ба дӯзах. Сеюм: Шахсе, ки соҳиби гов ё гӯсфанд (гӯсфанду буз) аст ва закоти фарзияшро намедиҳад. Дар рӯзи қиёмат ҳамаи он чорво бо сершумортарин ҳолати худ оварда мешаванд, ҳеҷ кадоме аз онҳо намеравад ё кам намешавад. Соҳиби онҳо дар замини васеи ҳамвор хобонида мешавад. Ҳамаи он ҳайвонҳо дар беҳтарин ҳолаташон ҳастанд: на бешоханд ва на шохи шикаста доранд, бенуқс ҳастанд. Онҳо бо шохҳояшон ӯро мезананд ва бо пойҳояшон поймолаш мекунанд. Ҳар вақте охири онҳо аз рӯяш гузашт, аввалаш бармегардад ва ин давра пайваста такрор мешавад. Ин ҳолати азоб барои он шахс тамоми рӯзи қиёмат, ки дарозии он панҷоҳ ҳазор сол аст, давом мекунад, то вақте ки Худованд миёни махлуқот ҳукм ва қазоват кунад, сипас маълум мешавад, ки ӯ аз аҳли биҳишт аст ё аз аҳли дӯзах. Чаҳорум: Ҳар касе, ки асп дорад, ба се гурӯҳ ҷудо мешавад: Гурӯҳи аввал: Асп барои ӯ гуноҳ аст, яъне касе, ки аспро барои намоиш, худнамоӣ ва ифтихор гирифта онро барои душманӣ бо мусалмонон нигоҳдорӣ мекунад. Гурӯҳи дуюм: Асп барои ӯ ҳиҷоб (парда) аст, яъне касе, ки онро барои ҷиҳод дар роҳи Худо нигоҳ дошт ва ҳаққи онро адо кард, мисли ғизо додан, нигоҳубин кардан ва ҳамчунин онро барои бордор кардани аспи мода бидуни муқобил бидиҳад (барои насл гирифтан). Гурӯҳи сеюм: Асп барои ӯ аҷру савоб аст, яъне касе, ки аспро барои ҷиҳод дар роҳи Худо ва барои манфиати мусалмонон нигоҳ дорад. Чунин асп барои соҳибаш мояи аҷру савоб аст. Ҳар чизе, ки аз он чарогоҳ бихӯрад, барои соҳибаш ба шумори баргҳо ё гиёҳоне, ки мехӯрад, ҳасанот ва некӣ навишта мешавад. Ба шумори саргинҳо ва пешобҳояш барои соҳибаш аҷру савоб навишта мешавад. Ҳатто агар асп ресмонашро пора карда аз як ё ду тепа гузарад, ба андозаи ҷои пойҳояш ва фазалоте, ки бар ҷо мегузорад, ба соҳибаш аҷру савоб навишта мешавад. Чунончи, агар аз дарёе бигзарад ва об бихӯрад, ҳатто агар соҳибаш қасди об доданашро надошта бошад, Аллоҳ Таъоло ба андозаи обе, ки он асп нӯшидааст, ба соҳибаш аҷру савоб менависад. Сипас аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи харҳо (хачирҳо) пурсида шуд, ки оё ҳукмашон мисли ҳукми аспҳост? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Дар бораи харҳо ҳеҷ фармони махсусе нозил нашудааст, ҷуз як ояти умумие, ки ҳамаи аъмолро дар бар мегирад. Худованд мефармояд: (Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад. Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад). (Сураи Залзала, оятҳои 7-8). Агар шахс дар нигоҳдории хар нияти нек ва амали солеҳ дошта бошад, подошашро мебинад. Агар нияти бад ва гуноҳе бо он карда бошад, ҷазои онро мебинад. Ин ҳукм шомили ҳама аъмоли инсон аст.

فوائد الحديث

Вуҷуби адои закот ва ҳушдори шадид бар манъи он.

Касе, ки закотро аз рӯи танбалӣ намедиҳад, кофир нест, вале дар хатари бузург қарор дорад.

Шахс барои ҷузъиёти аъмоли неке, ки нияти асли ибодатро дорад, савоб мегирад, ҳатто агар он ҷузъиётро махсус ният накарда бошад.

Дар мол ғайр аз закот дигар ҳақ ҳам ҳаст.

Яке аз он ҳақҳо дар шутур он аст, ки миқдори шире, ки он медиҳад, ба фақирон дода шавад, хусусан вақте ки онҳо ба назди ҷои обхӯрии шутур меоянд, то ин барои муҳтоҷон осонтар бошад, аз ин ки ба хонаи онон бираванд ва ин барои ҳайвонот низ осонтар аст. Ибн Баттол гуфтааст: Дар мол ду навъи ҳақ аст: яке фарз (яъне закот) ва дигаре ғайри фарз, ки аз ахлоқи нек ба шумор меравад. Ҳалб (яъне, дӯшидани шир ва ба фақирон додан) аз ҳамин навъи дуюм аст.

Аз ҷумлаи ҳақҳои воҷиб дар шутур, гов ва гӯсфанд ин аст, ки наринаи онҳо барои насл гирифтан ба дигарон дода шавад, вақте касе он фаҳлро ба орият барои наслгири мепурсад.

Ҳукми харҳо ва ҳамаи ҳайвоноте, ки дар бораи онҳо насси шаръӣ наомадааст: ҳамаи онҳо дар доираи ин фармудаи Худованд дохил мешаванд: (Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад. Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад) (Сураи Залзала, оятҳои 7-8).

Дар ин оят ташвиқ ба анҷом додани кори нек аст, ҳатто агар андаке бошад ва ҳушдор аз кори бад, ҳатто агар ночиз ҳам бошад.

التصنيفات

Зиндагии охират, Воҷиб будани закот ва ҳукми тарккунандаи он, Вақф