إعدادات العرض
вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим
вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст: Ҳар гоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим". Гуфт: Оё фақат ҳаминро гуфт? Гуфтам: Оре. Гуфт: Ҳар гоҳ касе ин дуоро бигӯяд, шайтон мегӯяд: Ӯ дар давоми рӯз аз ман эмин мемонад.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Русский অসমীয়া Kiswahili Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली മലയാളം Кыргызча Română Svenska Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština Українська Azərbaycan Wolof Kinyarwanda Malagasy ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ ភាសាខ្មែរ Lietuvių Deutsch ಕನ್ನಡ Oromoo Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар вақт масҷид медаромад, ин дуоро мегуфт: (Аъузу биллоҳил-ъазим) Паноҳ мебарам ба Аллоҳи бузург ва сифатҳояш. (ва би-ваҷҳиҳил-карим) Ба чеҳраи карими Ӯ, ки бахшанда ва атокунанда аст. (ва султониҳӣ) Ғалаба, қудрат ва қаҳри Ӯ бар ҳар касе аз бандагонаш бихоҳад. (ал-қадим) Азалӣ, абадӣ. (минаш-шайтонир-раҷим) Рондашуда ва дур шуда аз раҳмати илоҳӣ. Яъне: Худовандо! Маро аз васвасаҳо, гумроҳсозӣ, қадамҳои шайтон, илҳомҳои бад, зебо ҷилва доданҳои ботил ва гумроҳ кардани шайтони лаънатшуда нигоҳ дор, зеро ӯ сабаби гумроҳист ва касест, ки мардумро ба роҳи залолат, гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебарад. Ба Абдуллоҳ ибни Амр гуфта шуд: Оё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо ҳаминро гуфт? Гуфт: Оре. Агар шахси ба масҷид дохилшаванда ин дуоро бигӯяд, шайтон мегӯяд: Ин шахс худро аз ман дар тамоми рӯз ва шабаш ҳифз кард.فوائد الحديث
Фазилати дуо бо ин зикр ҳангоми дохил шудан ба масҷид дар он аст, ки гӯяндаашро дар боқимондаи рӯзаш аз шайтон муҳофизат мекунад.
Ҳушдор аз шайтон, ки ӯ ҳамеша дар камини мусалмон аст, то ӯро гумроҳ ва фиреб диҳад.
Нигоҳдории инсон аз гумроҳӣ ва фитнаи шайтон ба ҳамон андозае аст, ки дар қалби инсон имон ба Аллоҳ, ҳузури дил ҳангоми хондани ин дуо ва эътиқод ба ваъдаи Худо, вуҷуд дорад.
