Фариштагон ба хонае, ки дар он саг ё расм (тасвир) бошад, дохил намешаванд

Фариштагон ба хонае, ки дар он саг ё расм (тасвир) бошад, дохил намешаванд

Аз Абуталҳа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Фариштагон ба хонае, ки дар он саг ё расм (тасвир) бошад, дохил намешаванд."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки фариштаҳои раҳмат ба хонае, ки дар он саг ё тасвирҳои махлуқоти ҷондор вуҷуд дошта бошад ворид намешаванд. Зеро тасвирҳое, ки дар он рӯҳ бошад, гуноҳи бузург аст. Дар он ташбеҳ ва монанди кардан дар халқи Аллоҳ ва василае аз василаҳои ширк аст. Бархе аз онҳо тасвирҳое ҳастанд, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло ибодат карда мешаванд. Аммо дар бораи сабаби надаромадани фариштагон ба хонае, ки дар он саг аст, ин аст, ки саг зиёд наҷосатҳоро мехӯрад, баъзе аз сагҳо шайтон номида мешаванд ва фариштагон зидди шайтонҳо ҳастанд. Ҳамчунин саг бӯйи бад ва нафратнок дорад, ки фариштагон онро намеписанданд. Нигоҳубини саг дар хона ҳаром аст, аз ин рӯ, ҳар касе дар хонааш саг мегирад, аз ворид шудани фариштаҳои раҳмат, дуои онҳо, истиғфори онҳо ва баракати хона ва дур кардани зарари шайтон аз худаш маҳрум мешавад, ки ин муҷозоти ӯ аст.

فوائد الحديث

Нигоҳубини саг, ғайр аз саги шикорӣ, саги рама ё саг барои ҳифзи зироат, ҳаром аст.

Гузоштани тасвирҳо аз амалҳои бадест, ки фариштаҳо аз он нафрат доранд ва будани онҳо дар макон сабаби маҳрум шудан аз раҳмат мешавад, ҳамчунин будани саг низ ҳамин хел аст.

Фариштаҳое, ки ба хонаи дорои саг ё тасвир ворид намешаванд, фариштаҳои раҳматанд. Аммо фариштаҳои ҳифзкунанда ва дигарон, мисли фариштаи марг, ба ҳар хона ворид мешаванд.

Овехтани тасвирҳои ҷондор (одамон, ҳайвонот) дар деворҳо ва дигар ҷойҳо ҳаром аст.

Хаттобӣ мегӯяд: Фариштагон вориди хонае, ки дар он саг ва тасвирҳо, ки нигоҳдории онҳо ҳаром аст, намешаванд. Аммо саги шикорӣ, саги хоҷагӣ, рама ва тасвирҳое, ки дар қолин, болишт ва монанди он истифода мешаванд, фариштагонро аз ворид шудан ба он хона манъ намекунанд.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият