ин хун аз раг аст, аммо намозро ба андозаи рӯзҳое, ки ҳайз мешудӣ тарк кун, сипас ғусл бикун ва намоз бихон

ин хун аз раг аст, аммо намозро ба андозаи рӯзҳое, ки ҳайз мешудӣ тарк кун, сипас ғусл бикун ва намоз бихон

Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Фотима бинти Абуҳубайш Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсид, ки: Ман дучори истиҳоза ҳастам ва пок намешавам, оё намозро тарк кунам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "На, ин хун аз раг аст, аммо намозро ба андозаи рӯзҳое, ки ҳайз мешудӣ тарк кун, сипас ғусл бикун ва намоз бихон."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Фотима бинти Абуҳубайш аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид ва гуфт: Хуни ман қатъ намешавад ва ҳатто вақте ки ман ҳайз нестам, идома меёбад, оё ин ҳукми ҳайзро дорад ва бояд намозро тарк кунам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Ин хуни истиҳоза аст ва ба сабаби беморӣ аз раги бачадон меояд ва он хуни ҳайз нест. Пас агар вақти ҳайз омад ва бинобар одати моҳона вақташро медонӣ - пеш аз истиҳоза шудан - пас намоз, рӯза ва дигар корҳоеро, ки зани ҳайздор дар ҳолати ҳайз тарк мекунад, тарк бикун. Чун миқдори он ба охир расид, дар ин ҳолат аз хуни ҳайз пок шудаи, сипас ҷои хунро бишӯй ва барои рафъи ҳадас ғусл карда намоз бигузор.

فوائد الحديث

Барои зан ғусл кардан дар охири ҳайз воҷиб аст.

Барои зане, ки дар ҳолати истиҳоза аст, намоз хондан воҷиб аст.

Ҳайз хуни табиие аст, ки аз бачадони зани болиғ ба воситаи шармгоҳаш хориҷ мешавад ва дар рӯзҳои муайян рух медиҳад.

Истиҳоза, ҷорӣ шудани хун дар ғайри вақташ аз зери бачадон аст.

Фарқ байни хуни ҳайз ва хуни истиҳоза ин аст, ки хуни ҳайз сиёҳ, ғализ ва бадбӯй аст. Аммо хуни истиҳоза сурх, тунук ва бӯйи бад надорад.

التصنيفات

Ҳайз, нифос ва истиҳоза