إعدادات العرض
Дар ҳақиқат, дунё ширину сарсабз аст ва Аллоҳ дар он шуморо ҷонишин қарор додааст ва мебинад, ки чӣ гуна амал хоҳед кард. Пас аз дунё ва аз занон битарсед
Дар ҳақиқат, дунё ширину сарсабз аст ва Аллоҳ дар он шуморо ҷонишин қарор додааст ва мебинад, ки чӣ гуна амал хоҳед кард. Пас аз дунё ва аз занон битарсед
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат, дунё ширину сарсабз аст ва Аллоҳ дар он шуморо ҷонишин қарор додааст ва мебинад, ки чӣ гуна амал хоҳед кард. Пас аз дунё ва аз занон битарсед. Зеро аввалин фитнае, ки дар бани Исроил рух дод, дар занон буд."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda Română తెలుగు Lietuvių മലയാളം Nederlands Soomaali Shqip Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, ки дунё аз нигоҳи таъм ширин ва дар чашм сарсабз аст, барои ҳамин инсон ба он фирефта мешавад ва худро барояш хаста мекунад ва ҳама фикру зикри худро дар он қарор медиҳад. Ва Аллоҳ Таъоло баъзеи моро дар зиндагии дунявӣ ҷонишини баъзеи дигар қарор додааст ва менигарад, ки чӣ гуна рафтор мекунем, оё аз Ӯ итоат мекунем ё муртакиби нофармонияш мешавем? Сипас фармуд: Эҳтиёт бошед, ки фирефтаи лаззат ва зинатҳои дунё нашавед, ки шуморо ба тарки он чи Аллоҳ ба шумо фармудааст ва дар он чи ҳаром кардааст, бикашонад. Ва яке аз бузургтарин фитнаҳое, ки бояд аз он барҳазар бошед, фитнаи занон аст ва ин аввалин фитнае буд, ки бани Исроил ба он гирифтор шуданд.فوائد الحديث
Ташвиқ ба парҳезгорӣ ва саргарм нашудан ба зоҳиру зинатҳои дунё.
Барҳазар будан аз воқеъ шудан дар фитнаи занон, хоҳ бо нигоҳ кардан бошад ва ё бо саҳлангорӣ дар омехтагӣ бо мардони бегона ва ё дигар шаклҳои фитна.
Фитнаи занон яке аз бузургтарин фитнаҳои дунё аст.
Дарси ибрат гирифтан аз миллатҳои пешин, зеро он чи барои бани Исроил рух дод, эҳтимол барои дигарон ҳам рух диҳад.
Фитнаи зан чунин аст, ки агар ҳамсар бошад, шояд нафақаҳоеро ба дӯши мард биандозад, ки мард бештар аз тавони худ сарфу харҷ кунад ва дар натиҷа ӯро аз корҳои динаш машғул месозад ва маҷбур мешавад, ки худро дар талаби дунё ба ҳалокат расонад. Ва агар зани номаҳрам бошад, дар ҳолати берун рафтан аз хона ва омехта шудан бо он занон, фитнааш фирефтани мардон ва иғвои онон ва мунҳариф карданашон аз роҳи ҳақ аст, хусусан агар бо рӯйи боз ва ороиш бошанд ва ин мумкин аст ба дараҷаҳои гуногуни зино анҷом ёбад. Барои ҳамин муъмин бояд ба Аллоҳ паноҳ ҷӯяд ва дар роҳи наҷот аз фитнаи онон ба Аллоҳ паноҳ бибарад.
