Марди муъмин аз зани муъмин (ҳамсараш) мутанаффир намешавад, зеро агар яке аз хислатҳои ӯ писандаш наояд, аз дигар хислаташ хушаш меояд

Марди муъмин аз зани муъмин (ҳамсараш) мутанаффир намешавад, зеро агар яке аз хислатҳои ӯ писандаш наояд, аз дигар хислаташ хушаш меояд

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Марди муъмин аз зани муъмин (ҳамсараш) мутанаффир намешавад, зеро агар яке аз хислатҳои ӯ писандаш наояд, аз дигар хислаташ хушаш меояд", ё фармуд: "ғайри он." (яъне, рафтори дигари ӯро меписандад.)

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шавҳарро аз бадбинии ҳамсараш наҳй кардаанд, то ин ки сабаби зулм ва беадолатӣ дар ҳаққаш нашавад, ё ӯро тарк кунад ва нисбат ба ӯ беаҳамиятӣ кунад. Зеро инсон хилқатан дучори ноқисӣ ва камбудӣ аст ва агар аз як хислати номуносиб писандаш наомад, дар ӯ хислати дигаре нек пайдо мекунад, ки писандаш бошад ва бар хислати бадаш сабр кунад ва нисбат ба ҳамсараш кинае ба дил нагирад, ки ба ҷудоӣ ё зулм бианҷомад.

فوائد الحديث

Даъвати муъмин ба адолат ва ҳоким сохтани ақл дар ҳар ихтилофе, ки миёни ӯ ва ҳамсараш рух медиҳад ва дури ҷустан аз ҳоким сохтани эҳсосот ва вокунишҳои муваққатӣ ва ногаҳонӣ.

Кори муъмин чунин аст, ки аз зани муъмин он қадар бадбинӣ накунад, ки боиси ҷудогӣ аз ӯ шавад, балки бо таваҷҷуҳ ба он чи ки дӯст медорад, аз он чи ки бад мебинад, чашм бипӯшад.

Ташвиқи муомила ва муоширати хуб байни ҳамсарон.

Имон инсонро ба ахлоқи писандида фаро мехонад, пас марду зани муъмин аз ахлоқи некӯ холӣ нестанд. Зеро имон дар онҳо мавҷудияти сифатҳои шоистаи таҳсинро тақозо мекунад.

التصنيفات

Никоҳ, Аҳкоми занон