إعدادات العرض
Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид
Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем, ногаҳон садои баланде шунидем (садои афтодани чизе). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё медонед ин чи буд?" Гуфтем: Худо ва Расулаш беҳтар медонанд. Фармуд: "Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Kiswahili Português සිංහල অসমীয়া Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली Hausa മലയാളം Кыргызча Română Svenska ಕನ್ನಡ Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Kinyarwanda Македонски Čeština Українська Lietuvių Azərbaycan Wolof Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Deutsch ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) садои сахт ва даҳшатнокеро шуниданд, ки мисли афтодани ҷисме буд. Аз саҳобагоне, ки назди ӯ нишаста буданд, пурсиданд, ки ин садо чист? Онҳо гуфтанд: Худо ва Расулаш беҳтар медонанд. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо гуфтанд: Ин садое, ки шунидед, садои сангест, ки ҳафтод сол пеш аз лаби дӯзах ба дӯзах афканда шуд ва то ин муддат дар ҳоли афтодан буд ва ҳоло шумо садои ба қаъри дӯзах расидани он сангро шунидед.فوائد الحديث
Тарғиб ба омодагӣ барои рӯзи қиёмат бо аъмоли нек ва ҳушдор аз оташи дӯзах.
Дар масъалаҳое, ки инсон дар борааш маълумот надорад, илми онро ба Худо нисбат додан ва гуфтани “Худо Донотар аст”, мустаҳаб аст.
Ҷалби таваҷҷуҳи донишомӯзон ва шунавандагон аз тарафи устод пеш аз баёни мавзӯъ, фаҳмидани мавзуъро осонтар ва таъсиргузортар мегардонад.
التصنيفات
Сифатҳои биҳишт ва дӯзах