إعدادات العرض
Ҳаргоҳ яке аз шумо бародарашро дид, бояд ба ӯ салом диҳад. Агар байни онҳо дарахт, девор ё санг бошад ва баъдтар ӯро бубинад, боз ҳам бояд ба ӯ салом диҳад
Ҳаргоҳ яке аз шумо бародарашро дид, бояд ба ӯ салом диҳад. Агар байни онҳо дарахт, девор ё санг бошад ва баъдтар ӯро бубинад, боз ҳам бояд ба ӯ салом диҳад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ яке аз шумо бародарашро дид, бояд ба ӯ салом диҳад. Агар байни онҳо дарахт, девор ё санг бошад ва баъдтар ӯро бубинад, боз ҳам бояд ба ӯ салом диҳад."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tagalog Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt پښتو ગુજરાતી Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча తెలుగు ქართული Moore Magyar Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски Lietuvių Wolof मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ বাংলা Malagasy ភាសាខ្មែរ தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусалмонро ташвиқ мекунад, ки ҳар гоҳ бародари мусалмони худро бинад, бояд бар ӯ салом диҳад. Ҳарчанд онҳо бо ҳам дар роҳ бошанд ва онҳоро чизе аз ҳам, монанди дарахт, девор ё санги калон ҷудо созад, пас аз диданаш боз бори дигар ба ӯ салом диҳад.فوائد الحديث
Салом додан ва такрори он ҳангоми иваз шудани ҳолат, мустаҳаб аст.
Ин нишон медиҳад, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чӣ қадар сахт барои паҳн кардани суннати салом додан ва муболиға дар он талош мекард, зеро ин амр сабаби бештар шудани муҳаббат ва дӯстӣ миёни мусалмонон мешавад.
Салом, иборат аст аз гуфтани: "Ассалому алайкум", ё "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу", ғайр аз даст додане, ки дар бори аввал дидани якдигар сурат мегирад.
Салом, дуо аст ва мусалмонон ниёз доранд, ки барои ҳамдигар дуо кунанд, ҳатто агар ин амал такрор шавад.
التصنيفات
Одоби салом ва иҷозат гирифтан