Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он

Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он

Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".

[صحيح] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯянд, биҳишт ва дӯзах ба андозаи банди кафшҳо, ки пушти пой аст, ба инсон наздик аст, чун мумкин аст инсон амале анҷом медиҳад, ки сабаби ризои Худованд гашта ба сабаби он вориди биҳишт мешавад, ё муртакиби гуноҳе мешавад, ки ӯро вориди дӯзах мекунад.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба анҷом додани амали нек, агарчанд андак бошад, ва бим додан аз амали бад, агарчанд ҳам андак бошад.

Зиндагии мусалмон бояд ҳамеша миёни тарс ва умед бошад, ҳамеша аз Худованд устуворӣ бар ҳақро талаб кунад ва мағрури ҳоли худ нагашта худро таслими ҳақ намояд.

التصنيفات

Сифатҳои биҳишт ва дӯзах