Худованд ба касе хайр бихоҳад, ӯро мавриди ибтило қарор медиҳад

Худованд ба касе хайр бихоҳад, ӯро мавриди ибтило қарор медиҳад

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд ба касе хайр бихоҳад, ӯро мавриди ибтило қарор медиҳад".

[صحيح] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳаргоҳ Худованд барои касе аз бандагонаш хайр бихоҳад, ӯро дар ҷону мол ва хонадонаш мавриди озмоиш қарор медиҳад, ки банда бо дуо ва тазарруъ ба Парвардигораш мутавассил мешавад, ки ба сабаби он гуноҳонаш бахшида ва соҳиби манзилати боло мегардад.

فوائد الحديث

Муъмин дучори мусибат ва озмоишҳо қарор мегирад.

Озмоиш ва ибтило шояд нишонаи муҳаббати Худованд ба бандааш бошад, то ба сабаби он дараҷа ва манзилаташро боло барад ва гуноҳонашро бубахшад.

Ташвиқ ба сабр дар мусибатҳо ва наафтодан дар ваҳм ва ваҳшат.

التصنيفات

Масъалаҳои қазо ва қадар