إعدادات العرض
Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!
Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!
Аз Абузар, Ҷундуб ибни Ҷунода ва Абуабдурраҳмон, Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Македонски नेपाली دری پښتو Shqip ગુજરાતી ភាសាខ្មែរ Українська Čeština Magyar Српски ქართული ਪੰਜਾਬੀ Kiswahili Lietuvių ಕನ್ನಡ മലയാളം kmrالشرح
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба се чиз амр намудааст: Якум: Парҳезгорӣ аз Аллоҳ Таъоло, бо анҷом додани воҷиботаш ва тарк намудани муҳаррамоташ, дар ҳар макон, замон ва ҳолат, пинҳон ва ошкоро, дар неъмат ва мусибат ва ғайра. Дуюм: Агар муртакиби гуноҳе шудӣ, пас аз он кори неке анҷом деҳ, аз қабили намоз, садақа, некӣ ба мардум, силаи раҳм, тавба ва ғайра. Зеро ин амали нек гуноҳро пок месозад. Сеюм: Бо мардум бо ахлоқи нек муомила кун, аз қабили табассум дар рӯйи онҳо, нармӣ ва мулоимат, кумак кардан ба дигарон ва манъи озору азияти мардум.فوائد الحديث
Фазлу карами Аллоҳ Таъоло бар бандагонаш дар раҳмат, мағфират ва бахшиши Ӯ.
Ин ҳадис се ҳақро дарбар мегирад:
Ҳаққи Худованд - бо парҳезгорӣ ва иҷрои фармони Ӯ;
ҳаққи нафс - бо анҷоми корҳои нек пас аз корҳои бад, то ки пок шавад;
ҳаққи мардум - бо муомилаи нек, ахлоқи хуб, нармӣ ва рафтори хуб бо онҳо.
Тарғиб ва ташвиқ ба анҷоми корҳои нек пас аз гуноҳон ва ахлоқи неки хуш яке аз хислатҳои парҳезгорист. Азбаски, мардум ниёз ба фаҳмидани аҳамияти онро доранд, он ҷудо зикр карда шудааст.
التصنيفات
Ахлоқи писандида