Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст

Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст

Аз Нуъмон ибни Башир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт -ва Нуъмон ду ангушташро ба сӯи гушҳояш бардошт-: "Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалол ва ҳаром чизҳои шубҳанок вуҷӯд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд, пас ҳар касе аз онҳо бипарҳезад дин ва шарафи худро нигоҳ доштааст, ва ҳар касе дар умури шубҳанок афтад дар ҳаром афтидааст, монанди чӯпоне, ки рамаи худро атрофи ҳарими дигарон мечаронад ва эҳтимоли ворид шудани рама ба ҳарими онон аст. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳ ҳарими худро дорад ва огоҳ бошед, ки ҳарими Худованд ҳамон ҳаромкардаҳои Ӯ Таъолост. Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае ҳаст, ки агар он дуруст шавад тамоми бадан дуруст мешавад, ва агар он вайрон ша­вад тамоми бадан вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он гӯштпора қалб аст".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси мазкур як қоидаи умумиеро баён намуданд, ки дар шариати мо тамоми ашё ба се даста тақсим мешаванд: ҳалол, ки ошкору равшан аст ва ҳаром, ки низ ошкору равшан аст ва миёни ин ду ашёи дигар вуҷӯд, дорад, ки ҳалол ва ё ҳаром будани онҳо баён ва равшан нашудааст, ки он муштабиҳот номида мешавад ва бисёри аз мардум ҳукми онро намедонанд. Пас ҳар кас муштабеҳотро тарк намояд, дини худро аз воқеъ шудан дар ҳаром ҳифз кардааст ва обуруи худро аз сухани мардум дар мавриди инки ӯро ба хотири иртикоби муштабиҳот сарзаниш мекунанд, дар амон нигоҳ доштааст. Касе аз муштабеҳот дурӣ накунад, ё худро дар ҳаром андохтааст ё дар назди мардум беобрӯ шудааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касеро, ки дар умури муштабеҳот воқеъ мешавад ба монанди чӯпоне ташбеҳ кардааст, ки чорвои худро атрофи замине мечаронад, ки марзбандӣ шудааст ва хавфи ворид шудани чорво ба онҷо аст. Пас ҳамин гуна ҳар касе кори шубҳанокеро анҷом диҳад, наздик ба ҳаром гашта хавфи ворид шудан ба онро дорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки дар ҷисми инсон гӯштпорае аст, ки бо салоҳи он тамоми бадан ба салоҳ меояд ва бо фосид шудани он тамоми бадан фосид мешавад, ки он қалб аст.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба тарки амали муштабеҳ (шубҳанок), ки ҳукмаш мушаххас нест.

التصنيفات

Ҳукми шаръӣ, Фазоили амалҳои дил, Тазкияи нафс