إعدادات العرض
Оё дидаед, ки агар дар назди дари яке аз шумо дарёе бошад, ки дар он ҳар рӯз панҷ бор ғусл кунад. Чӣ мегӯед, оё аз нопокиаш чизе боқӣ мемонад?
Оё дидаед, ки агар дар назди дари яке аз шумо дарёе бошад, ки дар он ҳар рӯз панҷ бор ғусл кунад. Чӣ мегӯед, оё аз нопокиаш чизе боқӣ мемонад?
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Оё дидаед, ки агар дар назди дари яке аз шумо дарёе бошад, ки дар он ҳар рӯз панҷ бор ғусл кунад. Чӣ мегӯед, оё аз нопокиаш чизе боқӣ мемонад?". Гуфтанд: Аз нопокии ӯ чизе намемонад. Фармуд:" Он ҳам монанди намози панҷвақта аст, ки Аллоҳ гуноҳонро ба воситаи он пок мекунад."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof Українська ქართული Moore Magyar Shqip Македонски Azərbaycan አማርኛ Malagasy Oromoo Deutsch ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намозҳои панҷгонаи шабонарӯзиро аз нигоҳи пок кардани гуноҳони сағира ва хатоҳо ба дарёе монанд кард, ки дар назди хонаи шахсе аст, ки ӯ ҳар рӯз худро дар он панҷ бор шустушӯй мекунад, ки дар натиҷа аз чирку нопокиаш чизе боқӣ намемонад.فوائد الحديث
Ин фазилат махсуси кафорати гуноҳони сағира аст, аммо барои пок шудан аз гуноҳони кабира тавба кардан лозим аст.
Фазилати адои намозҳои панҷвақта ва риояти шартҳо, рукнҳо, воҷибҳо ва суннатҳои он.
التصنيفات
Фазилати намоз