Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед ва дар даҳсолагӣ онҳоро барои намоз бизанед ва ҷои хоби ононро ҷудо кунед

Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед ва дар даҳсолагӣ онҳоро барои намоз бизанед ва ҷои хоби ононро ҷудо кунед

Аз Амр ибни Шуъайб аз падараш ва ӯ аз падарбузургаш ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед ва дар даҳсолагӣ онҳоро барои намоз бизанед ва ҷои хоби ононро ҷудо кунед."

[Ҳасан] [رواه أبو داود]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки падар бояд фарзандонашро - писар ё духтар - дар ҳафтсолагӣ ба намоз амр кунад ва ҳар он чи барои барпо доштани намоз лозим аст, барояшон таълим диҳад. Чун ба синни даҳсолагӣ расиданд, аҳамият бар ин кор афзуда мешавад. Ва дар ҳолати кӯтоҳӣ дар намоз бояд ононро бизанад ва дар ин син ҷои хоби онҳоро аз ҳам ҷудо кунад.

فوائد الحديث

Омузиши масалаҳои динӣ ба фарзандон пеш аз ба балоғат расиданашон ва аз муҳимтарини онҳо намоз аст.

Задан барои адаб додан аст, на барои шиканҷа. Бинобар ин задан бояд ба ҳолати худ мувофиқ бошад.

Шариат ба ҳифзи номус ва бастани ҳар роҳе, ки сабаби фасод мешавад, таваҷҷуҳ дорад.

التصنيفات

Воҷиб будани намоз ва ҳукми тарк кунандааш