إعدادات العرض
Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)
Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska ಕನ್ನಡ Українська Македонски Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба баъзе амалҳои аҳли ҷоҳилият манъ ва ҳушдор дод ва фармуд: Инҳо аз мо нестанд (касоне, ки): Аввал: Касе, ки рухсораҳояшро бизанад, махсусан рӯйро зикр кард, зеро бештар бар рӯй мезананд, аммо зарбу лат дар дигар қисмҳои рӯй ҳам манъ аст. Дуюм: Чок кардани гиребони либос, барои ин ки аз шиддати мусибат сари худро дар он дохил намояд. Сеюм: Касе, ки дуъоҳои аҳли ҷоҳилиятро ба забон орад, мисли дуъои вовайло, ҳалокат, табоҳӣ ва навҳасароӣ.فوائد الحديث
Ин таҳдиди дар ҳадис омада далолат мекунад, ки ин амалҳо аз гуноҳони кабира ҳастанд.
Сабр кардан бар мусибат воҷиб аст. Норозигӣ аз муқаддароти дардноки илоҳӣ ҳаром аст. Изҳори ин норозиги бо навҳагарӣ, тавсифи мурда, тарошидан, гиребон чок кардан ва ғайра мебошад.
Пайравӣ кардан аз одатҳои ҷоҳилият, ки шариат онҳоро тасдиқ накардааст ҳаром аст.
Ғамгинӣ ва гиря кардан ишколе надорад, зеро он бо сабр бар қазои илоҳӣ зид нест, балки он раҳматест, ки Худованд дар дилҳои наздикон ва дӯстдорони шахс қарор додааст.
Мусалмон бояд ба қазои илоҳӣ розӣ бошад, агар розӣ набошад, сабр кардан барояш воҷиб аст.
التصنيفات
Масъалаҳои ҷоҳили