Ҳаё аз имон аст

Ҳаё аз имон аст

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро шунид, ки бародарашро дар бораи ҳаё панд медод, Паёмбари Худо гуфт: "Ҳаё аз имон аст".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро шунид, ки бародарашро ба тарки зиёдаравӣ дар ҳаё насиҳат мекард, Паёмбари Худо барои ӯ баён фармуданд, ки ҳаё аз имон аст ва он хайру некӣ ба бор меорад. Ҳаё рафторе аст, ки боиси анҷоми амалҳои зебо ва тарки корҳои зишт мегардад.

فوائد الحديث

Ончи ки шуморо аз корҳои нек бозмедорад, ҳаё номида намешавад, балки он хиҷолат, нотавонӣ, тарсуӣ ва буздилӣ аст.

Шарму ҳаё дар баробари Аллоҳ бо анҷоми дастурот ва тарки манъкардаҳои Ӯ Таъоло ҳосил мешавад.

Шарму ҳаё аз мардум иборат аст аз эҳтироми онҳо, қадрдонии онҳо ва дурӣ аз амалҳое, ки миёни мардум зишт дониста мешавад.

التصنيفات

Ахлоқи писандида