إعدادات العرض
Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ ва машаққат намешавед
Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ ва машаққат намешавед
Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Мо назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будем, он Ҳазрат ба сӯйи моҳ (и пурра) нигарист ва гуфт: "Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ ва машаққат намешавед. Пас агар тавонистед намози пеш аз тулуи офтоб ва намози қабл аз ғуруби офтобро бо комилтарин шакл бигузоред". Сипас ин оятро хонданд: "Ва Парвардигоратро пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби офтоб ба ҳамду ситоиш тасбеҳ бигӯ."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी বাংলা Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Hausa دری Кыргызча or Kinyarwanda नेपाली Română Lietuvių Српски Nederlands Soomaali Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar Tagalog Македонски አማርኛ Malagasy Oromoo मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Саҳобагон шабе бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буданд ва он Ҳазрат ба моҳ – шаби чаҳордаҳум – нигарист ва фармуд: Дар ҳақиқат муъминон Парвардигори худро ҳақиқатан, ба чашми сар бидуни он ки дучори хато шаванд, мебинанд. Ва онон ҳангоми дидани Аллоҳ Таъоло издиҳом намекунанд ва дучори машаққат намешаванд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Пас агар тавонистед сабабҳоеро, ки шуморо аз намози бомдод ва намози аср боз медорад, аз байн бибаред, чунин кунед ва он ду намозро ба таври комил дар вақташон бо ҷамоат анҷом диҳед, зеро ин аз сабабҳои ба рӯйи Аллоҳ назар кардан аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин оятро хонданд: (Ва Парвардигоратро пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби офтоб ба ҳамду ситоиш тасбеҳ бигӯ.)فوائد الحديث
Башорат ба аҳли имон, ки Аллоҳ Таъолоро дар биҳишт хоҳанд дид.
Аз равишҳои даъват: таъкид, ташвиқ ва мисол овардан аст.
التصنيفات
Зиндагии охират