إعدادات العرض
Дунё матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст
Дунё матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дунё матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст".
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Kiswahili தமிழ் دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Wolof Soomaali Moore Українська Български Azərbaycan ქართული bm Oromoo Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки дунё ва он чи дар он аст, гузаро ва барои баҳра бурдан барои як замони кӯтоҳ ва муаян аст ва аз ҳама беҳтарини ин неъматҳо зани покдоман аст, ки чун мард ба ӯ назар кунад хушҳолаш кунад, ва чун фармонаш диҳад фармонбардорӣ кунад ва чун дар хона набошад худ ва молашро ҳифз мекунад.فوائد الحديث
Лаззат бурдан аз неъматҳои поки дунё, ки Аллоҳ онро барои бандагонаш ҳалол гардонидааст, аммо бидуни фахрфӯрушӣ ва исрофкорӣ дар он.
Ташвиқ ба интихоби ҳамсари покдоман, зеро ӯ шавҳари худро дар ибодати Парвардигораш кумак мекунад.
Беҳтарин лаззати дунё ҳамон аст, ки зери фармонбардорӣ аз Худо бошад, ё ёрирасон барои итоат аз Ӯ Таъоло.
التصنيفات
Аҳкоми занон