إعدادات العرض
Сахттарин азобро назди Аллоҳ дар рӯзи қиёмат касоне доранд, ки кӯшиш мекунанд монанди махлуқоти Аллоҳ бисозанд
Сахттарин азобро назди Аллоҳ дар рӯзи қиёмат касоне доранд, ки кӯшиш мекунанд монанди махлуқоти Аллоҳ бисозанд
Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба наздам даромад, дар ҳоле, ки бо порчаи пашмин, ки дар он муҷассамаи ҷондор тасвир шуда буд, тоқчаеро пӯшонида будам. Вақте онро дид, бардошт ва ранги рӯяш тағйир ёфт ва гуфт: "Эй Оиша, Сахттарин азобро назди Аллоҳ дар рӯзи қиёмат касоне доранд, ки кӯшиш мекунанд монанди махлуқоти Аллоҳ бисозанд" Оиша мегӯяд: "Онро пора карда аз он як ё ду болишт сохтем."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof ქართული Magyar Moore Українська Shqip Македонски Azərbaycan አማርኛ Malagasy Oromoo বাংলা ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ Tagalog မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои дидани Оиша (разияллоҳу анҳо) вориди хонааш шуд ва ҷевони кӯчакеро дид, ки дар он ашё нигоҳ дошта мешуд. Бо порчае, ки дар он тасвири мавҷудоти зинда буд, пӯшонидааст. Пас ранги чеҳраи он Ҳазрат аз рӯйи хашм барои Аллоҳ дигар шуд ва гуфт: Сахттарин азоби рӯзи қиёмат насиби касоне хоҳад буд, ки бо тасвирҳои худ ба офаридаҳои Аллоҳ тақлид мекунанд. Оиша мегӯяд: Онро пора карда як ё ду болишт сохтем.فوائد الحديث
Бадиро дар вақти дидан инкор кардан ва дар он сустӣ накардан, магар ин ки зиёни бузургтаре аз он ҳосил шавад.
Азоб дар рӯзи қиёмат вобаста ба бузургии гуноҳ гуногун аст.
Тасвири мавҷудоти зинда аз гуноҳони кабира аст.
Яке аз ҳикматҳои манъи аксбардорӣ тақлид аз офариниши Худованди Мутаъол аст, новобаста аз он ки суратгир қасди тақлид кардан дорад ё на.
Аҳамият додани шариат ба ҳифзи амвол ва баҳра бурдан аз он пас аз дурӣ аз он чи ки дар он ҳаром аст.
Манъи сохтани тасвири мавҷудоти зинда дар ҳама гуна шакл, ҳатто агар барои иҳонат ва беэҳтиромӣ ҳам бошад.
التصنيفات
Тавҳиди рубубият