إعدادات العرض
Ҳар касе, ки пеш аз тулуи офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бихонад, ба оташ ворид намешавад
Ҳар касе, ки пеш аз тулуи офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бихонад, ба оташ ворид намешавад
Аз Абузуҳайр, Умора ибни Руъайба (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар касе, ки пеш аз тулуи офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бихонад, ба оташ ворид намешавад."
[Саҳеҳ] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Hausa Română മലയാളം Deutsch नेपाली ქართული Moore Magyar తెలుగు Кыргызча Svenska ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Македонски Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки касе намозҳои субҳ ва асрро адо кунад ва пайваста бар ин амалаш боқӣ бимонад, ба оташи дӯзах намедарояд. Ин ду намозро махсус таъкид кардааст, зеро онҳо вазнинтарин намозон ҳастанд. Вақти субҳ вақте аст, ки одамон дар хоб ва лаззати он ҳастанд. Ва вақти аср вақте аст, ки мардум дар кори рӯзона ва тиҷорат машғуланд. Касе, ки ин ду намозро бо вуҷуди мушкилот (адо намуда) нигоҳ дорад, дигар намозҳоро ҳам нигоҳ медорад.فوائد الحديث
Фазилати намозҳои бомдод ва аср, бояд онҳоро (дар вақташ адо намуд) нигоҳ дошт.
Касе, ки ин намозҳоро адо мекунад, ғолибан аз танбалӣ ва риё дур буда дӯстдори ибодат аст.
التصنيفات
Фазилати намоз