إعدادات العرض
зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз
зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм (робитаи хешутаборӣ) бар ҷой меовард ва бар мискинон таъом медод, оё ин амалаш ба ӯ суд дорад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ба ӯ ҳеҷ нафъе надорад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз"
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Kurdî Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Oromoo Wolof Soomaali Tagalog Français Azərbaycan Українська bm தமிழ் Deutsch ქართული Português Македонски Magyar فارسی Lingala Русский 中文الشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди Абдуллоҳ ибни Ҷудъон, ки пеш аз Ислом яке аз бузургони Қурайш буд ва робитаи хешутабориро ба ҷой меовард ва ба онҳо некӣ мекард, ба бенавоён таом медод ва дигар корҳои нек, ки ислом ба онҳо ташвиқ намудааст, анҷом медод, хабар додааст, ки ин амалҳояш барои ӯ дар рӯзи қиёмат ҳеҷ нафъе нахоҳанд дод, зеро ӯ ба Худованд имон наоварда буд ва боре ҳам нагуфта буд: Парвардигоро дар рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз.فوائد الحديث
Фазилати имон ва баёни инки имон шарти қабули амалҳо аст.
Баёни бад будани куфр ва баёни инки куфр амалҳои некро барбод медихад.
Амалҳои неки кофирон ҳеҷ нафъе барояшон нахоҳад бахшид, зеро онҳо ба Худованд ва рӯзи қиёмат имон надоранд.
Амалҳои неки як инсон пас аз ислом оварданаш дар номаи аъмолаш сабт ва барояш подош хоҳад дошт.