даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар…

даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд

Аз Абу-Абдурраҳмони Сулламӣ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем.

[حسن] [رواه أحمد]

الشرح

Саҳобагони Паёмбар (Худованд аз онҳо розӣ бод) даҳ оятро аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таълим гирифта ва пас аз амал кардан ба он боз даҳ ояти дигарро фаро мегирифтанд ва ба он амал мекарданд.

فوائد الحديث

Фазилати саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва таваҷҷуҳи хоси онҳо ба фаро гирифтани Қуръон ва амал кардан ба он.

Омӯхтани Қуръон танҳо ба маънои хондан ва ҳифз кардани он нест, балки амал кардан ба маъонии оятҳои он пас аз худ кардани он аст.

Илм қабл аз қавл ва амал аст.

التصنيفات

Илми таҷвид, Одоби қироати Қуръон ва ҳофизони он, Фазли илм