Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз

Аз Варрод, котиби Муғира ибни Шуъба ривоят аст, ки гуфт: Муғира дар номае, ки барои ӯ ба Муъовия менавиштам чунин гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз чунин мегуфтанд: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона аст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Бор илоҳо барои он чи Ту ато кардаӣ, боздорандае нест ва барои он чи Ту монеъ шудаӣ атокунандае нест. Ва соҳиби сарвату баҳрамандро дар баробари Ту, сарвату баҳрааш суде намебахшад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ҳар намози фарз чунин мегуфт: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона аст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Бор илоҳо барои он чи Ту ато кардаӣ, боздорандае нест ва барои он чи Ту монеъ шудаӣ ато кунандае нест. Ва соҳиби сарвату баҳрамандро дар баробари Ту, сарвату баҳрааш суде намебахшад." Яъне: Ман ба калимаи тавҳид иқрор ва эътироф мекунам, ки "Ло илоҳа илла Аллоҳ" аст. Бинобар ин ибодати ҳақиқиро танҳо барои Аллоҳ собит мекунам ва аз ғайри Ӯ нафйи мекунам. Пас маъбуди барҳақ нест, ҷуз Аллоҳ Таъоло. Ва иқрор дорам, ки фармонравоии ҳақиқӣ ва комил азони Аллоҳ аст. Ва ҳама ҳамди аҳли осмонҳо ва замин шоистаи Аллоҳ Таъоло аст, зеро Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст. Ва он чи Аллоҳ тақдир намудааст, - ато кардан бошад ё боздоштан - боздоранда ва манъкунандае надорад. Ва сарвати сарватманд назди Ӯ суде барояш надорад, балки амали неки ӯст, ки судманд аст.

فوائد الحديث

Ин зикрро баъди ҳар намоз гуфтан мустаҳаб аст, зеро лафзҳои тавҳид ва ҳамдро дар худ дорад.

Пешдастӣ дар пайравӣ аз суннат ва паҳн кардани он.

التصنيفات

Зикрҳои намоз