إعدادات العرض
Чун моҳи Рамазон фаро расид, умра бикун, зеро умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст
Чун моҳи Рамазон фаро расид, умра бикун, зеро умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба зане аз ансор, ки номашро ибни Аббос зикр карда буд, аммо ман фаромӯш кардам, гуфт: "Чӣ чиз туро аз ҳаҷ кардан бо мо боз дошт?" Он зан гуфт: Мо ҳамагӣ ду шутур доштем, ки шавҳарам бо писараш бо он ҳаҷ рафтанд ва якеро барои мо боқӣ гузоштанд, ки бо он барои худ об биёрем. Фармуданд: "Чун моҳи Рамазон фаро расид, умра бикун, зеро умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî മലയാളം Kiswahili Português සිංහල دری Svenska অসমীয়া Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી नेपाली Română Nederlands Soomaali پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Wolof Moore Lietuvių ქართული Українська Čeština Magyar Македонски Azərbaycan Русский Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ Kurmancîالشرح
Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳаҷҷи видоъ баргашт, ба як зани ансорӣ, ки ҳаҷ накарда буд, гуфт: Чӣ чиз туро аз адои ҳаҷ бо мо боз дошт? Он зан узр пеш овард, ки онҳо ду шутур доранд ва бар яке шавҳару писараш ҳаҷ рафтанд ва дуюмиро барои аз чоҳ об овардан барояшон гузоштанд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт, ки адои умра дар Рамазон баробари савоби як ҳаҷ аст.فوائد الحديث
Фазилати умра дар моҳи рамазон.
Умра дар моҳи Рамазон аз назари подош баробар ба ҳаҷ аст, на аз нигоҳи соқит шудани ҳаҷҷи фарзӣ.
Савоби амалҳо бо назардошти шараф ва бузургии маконҳо зиёд мешавад, аз ҷумла, амалҳо дар Рамазон.
التصنيفات
Фазилати ҳаҷ ва умра