إعدادات العرض
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ду қӯчқори сафеду сиёҳи шохдорро қурбонӣ кард. Он ду қӯчқорро бо дасти худ забҳ намуд. Бисмиллоҳ ва Аллоҳу акбар гуфта,…
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ду қӯчқори сафеду сиёҳи шохдорро қурбонӣ кард. Он ду қӯчқорро бо дасти худ забҳ намуд. Бисмиллоҳ ва Аллоҳу акбар гуфта, пояшро бар як тарафи гардани онҳо гузошт
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ду қӯчқори сафеду сиёҳи шохдорро қурбонӣ кард. Он ду қӯчқорро бо дасти худ забҳ намуд. Бисмиллоҳ ва Аллоҳу акбар гуфта, пояшро бар як тарафи гардани онҳо гузошт.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português മലയാളം Kurdî অসমীয়া Kiswahili Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands සිංහල پښتو नेपाली Кыргызча Svenska Română తెలుగు ქართული Moore Српски Magyar Македонски Čeština Українська Azərbaycan አማርኛ Malagasy Kinyarwanda Wolof ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری ភាសាខ្មែរ Lietuvių ಕನ್ನಡ Oromoo Deutsch Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Анас (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи Иди Қурбон бо дасти худ ду қӯчқори шохдорро, ки сафеду сиёҳ буданд, забҳ намуд. Вақти забҳ, Бисмиллоҳ, Аллоҳу акбар, гуфт ва пояшро бар гардани онҳо гузошт.فوائد الحديث
Машруияти қурбонӣ ва иттифоқи мусалмонон бар он.
Беҳтар аст қурбонӣ аз ҳамон навъе бошад, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қурбонӣ карданд. Яъне, қӯчқори сафедусиёҳи шохдор, бинобар зебо будани зоҳир ва беҳтар будани гушту чарбуи он.
Нававӣ мегӯяд: Дар ин ҳадис ишора ба он аст, ки забҳ кардани шахс қурбониашро ба дасти худаш, мустаҳаб аст. Агар узре дошта бошад, метавонад касеро вакилаш кунад, вале беҳтар аст дар вақти забҳ ҳозир бошад. Агар ба ҷои худ як мусалмонро ваколат диҳад, бидуни ихтилоф ҷоиз аст.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Дар ин ҳадис ишора ба он аст, ки ҳангоми забҳ такбир ва бисмиллоҳ (Бисмиллоҳ, Аллоҳу акбар) гуфтан мустаҳаб аст. Ҳамчунин гузоштани по бар тарафи рости гардани ҳайвон мустаҳаб аст. Уламо иттифоқ доранд, ки бояд ҳайвонро бар паҳлуи чапаш хобонанд, то пойро бар паҳлуи рости он гузоранд, ки ин корашро барои забҳ осонтар мекунад, кордро бо дасти рост бигирад ва сари ҳайвонро бо дасти чап дошта тавонад.
Шохдор будани ҳайвони қурбонӣ мустаҳаб аст. Инчунин қурбонӣ кардани ҳайвони бешох низ ҷоиз аст.
