Яке аз бузургтарин навъҳои ҷиҳод, гуфтани сухани ҳақ назди ҳокими ситамгар аст

Яке аз бузургтарин навъҳои ҷиҳод, гуфтани сухани ҳақ назди ҳокими ситамгар аст

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Яке аз бузургтарин навъҳои ҷиҳод, гуфтани сухани ҳақ назди ҳокими ситамгар аст."

[حسن لغيره] [رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки яке аз бузургтарин ва судмандтарин навъҳои ҷиҳод дар роҳи Худованд, гуфтани сухани ҳақ ва одилона назди подшоҳ ё ҳокими золим аст. Зеро ин аз амалҳои наҳй аз мункар ва амр ба маъруф ба шумор меравад, хоҳ бо гуфтор бошад, ё бо навиштан, ё бо амал, ё ҳар роҳе, ки дар он манфиате ба даст ояду фасоде дур шавад.

فوائد الحديث

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар яке аз навъҳои ҷиҳод дар роҳи Худост.

Насиҳат кардан ба ҳоким яке аз бузургтарин навъҳои ҷиҳод аст, аммо бояд бо илму ҳикмат ва матонату устуворӣ анҷом шавад.

Хаттобӣ мегӯяд: Ин навъи ҷиҳод — яъне гуфтани ҳақ назди ҳокими золим — беҳтарин ҷиҳод шуморида мешавад, зеро касе, ки бо душмани зоҳирӣ меҷангад, байни умед ва тарс аст: намедонад пирӯз мешавад ё шикаст мехӯрад. Аммо касе, ки назди султон (ҳоким) меравад, дар дасти ӯ маҷбур ва зери фишор аст. Агар ҳақро бигӯяд ва ӯро ба некӣ фаро хонда, аз бадӣ манъ кунад, худро дар хатар меандозад, ки мумкин аст ба ҷони худ зарар расонад. Аз ин рӯ, гуфтани ҳақ дар чунин ҳолат бо вуҷуди тарс ва хатар, беҳтарин ҷиҳод аст. Ҳамчунин гуфта шудааст: сабаби афзал будани ин амал он аст, ки агар ҳоким ба он гӯш диҳад ва амал кунад, манфиати он ба мардумони зиёде мерасад, дар натиҷа фоида ва манфиат паҳн мегардад.

التصنيفات

Фазилати амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар