Ҳеҷ яке аз шумо ҳангоми пешоб кардан узвашро бо дасти росташ нагирад ва бо он истинҷо накунад, инчунин вақти об нӯшидан дар зарфи об нафас накашад

Ҳеҷ яке аз шумо ҳангоми пешоб кардан узвашро бо дасти росташ нагирад ва бо он истинҷо накунад, инчунин вақти об нӯшидан дар зарфи об нафас накашад

Аз Абуқатода (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ яке аз шумо ҳангоми пешоб кардан узвашро бо дасти росташ нагирад ва бо он истинҷо накунад, инчунин вақти об нӯшидан дар зарфи об нафас накашад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъзе одобҳоро баён намуданд. Аз ҷумла: Барои мард манъ аст, ки вақти пешоб кардан бо дасти росташ узвашро дошта пешоб кунад ва бо дасти рост наҷосатро аз узв ё мақъад дур кунад, зеро бо дасти рост корҳои хубро анҷом медиҳад. Инчунин аз нафаскашӣ (ё пуф кардан) дар зарфе, ки аз он об менӯшад наҳй карданд.

فوائد الحديث

Баёни пешгомии Ислом дар заминаи одоб ва тозагӣ.

Аз корҳои ифлос дурӣ кардан ва агар ночор монд бо дасти чап онро дур кунад.

Баёни шаъни дасти рост ва бартарии он бар чап.

Такомули шариати исломӣ ва фарогир будани таълимоти он.

التصنيفات

Одоби хурдану нушидан, Одоби қазои ҳоҷат