Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад

Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад

Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад. Он ки бо худ мушк дорад (аттор) ё аз он ба ту медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз он бӯйи хуш хоҳи ёфт. Аммо он ки дар кӯра медамад (оҳангар) ё либосатро месӯзонад, ё аз бӯйи бадаш ба ту мерасад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ду тоифаи мардум масал оварданд: Тоифаи аввал: Ҳамнишин ва дӯсти некӯкоре, ки ба сӯи Аллоҳ ва розигии Ӯ роҳнамоӣ мекунад ва дар роҳи тоати Ӯ ёрӣ мерасонад. Пас ӯ монанди фурӯшандаи мушк аст, ки ё ба ту атр медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз ӯ бӯйи хуш ба машомат мерасад. Тоифаи дуввум: Ҳамнишин ва дӯсти бад, ки туро аз роҳи Аллоҳ боз медорад ва дар содир кардани гуноҳ туро ёрӣ мерасонад ва аз ӯ кори зишт мебинӣ ва бо сабаби ҳамнишинӣ бо ӯ сарзаниш мешавӣ. Пас ӯ монанди оҳангаре аст, ки дар оташи кӯрааш медамад, ё либосат ба сабаби шарораҳои он месӯзад, ё ин ки ба сабаби наздикӣ ба ӯ бӯйи бадаш ба ту мерасад.

فوائد الحديث

Истифодаи зарбулмасал барои наздик кардани маъно ба шунаванда ҷоиз аст.

Ташвиқу тарғиб барои ҳамнишинӣ бо аҳли тоат ва солеҳон ва дурӣ аз аҳли фасод ва бадахлоқон.

التصنيفات

Кирдори солеҳон, Накуҳиши гуноҳон