Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ…

Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд

Аз Ҷундуб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паембари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро панҷ рӯз пеш аз маргаш шунидам, ки мегуфт: "Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд, агар аз миёни умматам халиле мегирифтам, бешак Абубакрро халили худ қарор медодам. Огоҳ бошед, ки пешиниёни шумо қабрҳои паёмбарони худро масҷид мегирифтанд, шуморо ҳушдор медиҳам, ки қабрҳоро масҷид қарор надиҳед, ман шуморо аз ин кор бозмедорам".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз мақоми худ назди Аллоҳ Таъоло хабар додааст, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба баландтарин мақоми муҳаббат назди Худованд расидааст, Чунончи Иброҳим (Алайҳис-салом) ба он расида буд. Бинобар ин ҷуз Аллоҳ халили касе буданро напазируфтанд, зеро қалби ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пур аз муҳаббату азамат ва шинохти Парвардигор буд, ки гунҷоиши муҳаббати касе ҷуз Аллоҳро дар он нест. Агар аз миёни бандагон касеро халили худ қарор медод ӯ Абубакри Сиддиқро (Худованд аз ӯ розӣ бод) буд. Сипас Паёмбари Худо ҳушдор додаанд, ки набояд фаротар аз ҳудуди муҳаббат қадам гузошта шавад, чунончи яҳуд ва насоро дар мавриди қабрҳои паёмбарон ва солеҳони худ муртакиби ин хато шуда ононро дар баробари Ӯ Таъоло маъбуди худ қарор доданд ва бар қабрҳои онҳо масҷид ва маъбад бино карданд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) умматашро аз ин амалкарди онҳо манъ фармуданд.

فوائد الحديث

Фазлу бузургии Абубакри Сиддиқ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ва инки ӯ беҳтарини саҳобагон ва шоистатарини онҳо барои хилофат баъд аз вафоти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буданд.

Бино кардани масҷидҳо бар болои қабрҳо аз корҳои мункари умматҳои пешин аст.

Қарор додани қабрҳо ҳамчун макон барои ибодат ё намоз гузоштан назди он ё ба сӯи он, ё бино кардани масҷид ва қубба болои он, аз бими воқеъ шудан дар ширк, манъ шудааст.

Ҳушдор аз зиёдаравӣ ва ғулув дар ҳаққи солеҳон ва бузургон, зеро он муҷиби бурдани инсон ба сӯи ширк аст.

Хатари ҳар ончи, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз он барҳазар доштааст, чунончи панҷ шабонарӯз қабл аз реҳлаташ бар он таъкид фармуданд.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият, Фазилати саҳоба (Худованд аз онҳо розӣ бод)