Марде дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти чапаш таом хӯрд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо дасти ростат бихӯр". Ӯ гуфт:…

Марде дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти чапаш таом хӯрд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо дасти ростат бихӯр". Ӯ гуфт: Наметавонам, Эшон фармуданд: "Ҳаргиз натавонӣ

Аз Салама ибни Акваъ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст: Марде дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти чапаш таом хӯрд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо дасти ростат бихӯр". Ӯ гуфт: Наметавонам, Эшон фармуданд: "Ҳаргиз натавонӣ". Ӯро ҷуз такаббур чизе аз анҷоми амри Паёмбар монеъ нашуд. Ровӣ мегӯяд: Дигар натавонист дасти росташро ба даҳонаш бирасонад.

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки бо дасти чапаш таом мехӯрад, ӯро фармуд, ки бо дасти росташ бихӯрад. Он мард бо такаббур ва дурӯғ ҷавоб дод, ки наметавонам. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ дар ҳаққаш дуои бад кард, ки аз хӯрдан бо дасти рост маҳрум шавад. Пас Аллоҳ дуои паёмбарашро иҷобат кард ва дасти рости ӯ фалаҷ шуд ва дигар натавонист бо он таом ё нӯшиданиро ба даҳонаш бардорад.

فوائد الحديث

Хӯрдан бо дасти рост воҷиб аст ва бо дасти чап ҳаром аст.

Мағрурӣ ва такаббурӣ дар иҷрои ҳукмҳои шариат сазовори ҷазост.

Гиромидошти Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Аллоҳ бо иҷобати дуои ӯ.

Дар ҳама ҳолат амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кардан машруъ аст, ҳатто дар вақти хӯрдан.

التصنيفات

Одоби хурдану нушидан