إعدادات العرض
Фоли бад (бадгумонӣ барои оянда) задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, -се маротиба гуфтанд-". Ва ин чиз ногузир дар дили мо меафтад, аммо…
Фоли бад (бадгумонӣ барои оянда) задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, -се маротиба гуфтанд-". Ва ин чиз ногузир дар дили мо меафтад, аммо Аллоҳ Азза ва Ҷалла онро бо таваккал аз байн мебарад
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Фоли бад (бадгумонӣ барои оянда) задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, -се маротиба гуфтанд-". Ва ин чиз ногузир дар дили мо меафтад, аммо Аллоҳ Азза ва Ҷалла онро бо таваккал аз байн мебарад.
[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Română മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip ქართული Azərbaycan Magyar Македонски தமிழ் မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз фоли бад задан (тияра), ки он ҳисси бадбинӣ аз ҳар чизе - шуниданӣ ё диданӣ, аз парандагон бошад ё ҳайвонот ё беморон ё ададҳо ё рӯзҳо ва монанди он - ҳушдор додааст. Инҷо аз паранда ёдоварӣ шудааст, зеро он дар замони ҷоҳилият машҳур буд. Ва асли он раҳо кардани паранда ҳангоми шуруъ дар ҳар коре -сафар ё тиҷорат ё ғайри он - буд. Агар он парранда ба тарафи рост парвоз кард, фоли хуб аст ва барои анҷоми кораш равона мешавад ва агар ба тарафи чап парвоз кард, фоли бад аст ва аз анҷоми кораш худдорӣ мекунад. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки он ширк аст. Ва ҳисси бадбинӣ (ташоум) аз он ҷиҳат ширк аст, ки касе ҷуз Аллоҳ хайр намеорад ва шарро дур намекунад, магар Аллоҳ бе он ки шарике дар он кор дошта бошад. Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) баён кардааст, ки шояд дар қалби мусалмон каме ҳисси бадбинӣ пайдо шавад, вале бояд бо таваккал ба Аллоҳ ва анҷом додани сабабҳо бо он муқовимат кунад ва онро дур созад.فوائد الحديث
Фоли бад задан ширк аст, зеро дар он дилбастагӣ ба ғайри Аллоҳ руй медиҳад.
Аҳамияти такрори масъалаҳои муҳим, то ки онҳо дар дилҳо маҳфуз ва ҷойгир шаванд.
Таваккал бар Аллоҳ Таъоло фоли бадро аз байн мебарад.
Фармони танҳо ба Аллоҳ таваккал кардан ва дилбастагӣ танҳо ба Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло.
