Эй амакам, Ло илоҳа илла Аллоҳ, бигӯ, калимае, ки бо он назди Аллоҳ аз ту дифоъ кунам

Эй амакам, Ло илоҳа илла Аллоҳ, бигӯ, калимае, ки бо он назди Аллоҳ аз ту дифоъ кунам

Саъид ибни Мусайиб аз падараш ривоят кардааст, ки гуфт: Ҳангоме ки вафоти Абутолиб фаро расид, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ӯ омад, Абуҷаҳл ва Абдуллоҳ ибни Абуумайя ибни Муғираро бо ӯ ёфт. Хитоб ба сӯи амакаш фармуд: " Эй амакам, Ло илоҳа илла Аллоҳ, бигӯ, калимае, ки бо он назди Аллоҳ аз ту дифоъ кунам". Абуҷаҳл ва Абдуллоҳ ибни Абуумайя гуфтанд: Оё аз дини Абдулмутталиб рӯй мегардонӣ? Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин суханро пайваста бар ӯ пешниҳод мекард ва онон низ он суханро такрор мекарданд, то он ки Абутолиб дар охирин суханаш ба онон гуфт: "Бар дини Абдулмутталиб ҳастам" ва аз гуфтани Ло илоҳа илла Аллоҳ ибо варзид. Ровӣ мегӯяд: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба Аллоҳ савганд то вақте ки наҳйи нашавам, бароят истиғфор мекунам". Пас Аллоҳ Таъоло ин оятро нозил кард: "Барои Паёмбар ва касоне, ки имон оварданд, сазовор нест, ки барои мушрикон, пас аз ин ки бар эшон ошкор шуд, ки онон аҳли дӯзаханд, омурзиш бихоҳанд." (Сураи Тавба, ояти 113). Аллоҳ Таъоло дар бораи Абутолиб ин оятро хитоб бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кард: ([Эй Паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ Таъоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад.) (Сураи Қасас, ояти 56).

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди амакаш, ки дар ҳоли ҷон супурдан буд, даромад ва ба ӯ гуфт: Эй амак! "Ло илоҳа илла Аллоҳ" бигӯ, сухане, ки бо он назди Аллоҳ Таъоло ба нафъат гувоҳӣ диҳам. Абуҷаҳл ва Абдуллоҳ ибни Абуумайя гуфтанд: Эй Абутолиб! Дини падарат, Абдулмутталибро тарк мекунӣ? Муродашон ибодати бутҳо буд. Ва ин суханро он қадар такрор карданд, ки охирин сухане, ки ба онон гуфт, ин буд: Бар дини Абдулмутталиб ҳастам, дини ширк ва ибодати бутҳо. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: То вақте, ки Парвардигорам манро манъ накунад, барои ту талаби мағфират мекунам, пас ин сухани Аллоҳ Таъоло нозил шуд: (Барои Паёмбар ва касоне, ки имон оварданд, сазовор нест, ки барои мушрикон, пас аз ин ки бар эшон ошкор шуд, ки онон аҳли дӯзаханд, омурзиш бихоҳанд, ҳарчанд аз наздикон бошанд.) (Сураи Тавба, ояти 113) Ва дар бораи Абутолиб ин сухани Аллоҳ Таъоло нозил шуд, ки: ([Эй Паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ Таъоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ٕӮ ба [ҳоли] роҳёфтагон донотар аст.) (Сураи Қасас, ояти 56) Дар ҳақиқат, ту наметавонӣ касеро ба муҷарради он ки хоҳони ҳидоят ёфтанаш ҳастӣ, ҳидоят кунӣ, балки вазифаи ту расондани паём аст ва Аллоҳ Таъоло ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад.

فوائد الحديث

Барои мушрикон новобаста аз хешовандӣ ва амалҳои некашон, талаби омурзиш кардан ҳаром аст.

Паёравӣ кардан аз падарон ва бузургон дар кори ботил, аз амали аҳли ҷоҳилият (пеш аз Ислом) аст.

Камоли шафқату меҳрубонии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аҳамияти ӯ ба даъват ва роҳнамоии мардум.

Ҷавоб барои онҳое, ки мегӯянд, Абутолиб исломро қабул кардааст.

Корҳо вобаста ба хотимаашон аст.

Беэътибор будани пайвандӣ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дигарон, барои ҷалби фоида ё дафъи зарар.

Ҳар касе бо илму яқин ва эътиқод "Ло илоҳа илла Аллоҳ" бигӯяд, вориди Ислом шудааст.

Зарари дӯстон ва ҳамнишинони бад ба инсон.

Маънои "Ло илоҳа илла Аллоҳ", тарки ибодати бутҳо, авлиё ва солеҳон ва махсус донистани ибодат барои Аллоҳ Таъоло аст. Ва ин ки мушрикон маънои онро медонистанд.

Аёдати мушрики бемор, агар умеди ҳидоят ёфтанаш бошад, ҷоиз аст.

Тавфиқ ва ҳидоят танҳо ба дасти Аллоҳи бешарик аст. Ва вазифаи Расул (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳидояти роҳнамоӣ ва иршоду расондан аст.

التصنيفات

Тафсири Қуръон, Даъват ба суи Аллоҳ