Ҳар касе, як муҷоҳидро дар роҳи Худо омода созад (бо мол ё таҷҳизот), гӯё худаш ҷиҳод кардааст. Инчунин ҳар касе, дар вақти ғоиб будани муҷоҳид хонаводаашро…

Ҳар касе, як муҷоҳидро дар роҳи Худо омода созад (бо мол ё таҷҳизот), гӯё худаш ҷиҳод кардааст. Инчунин ҳар касе, дар вақти ғоиб будани муҷоҳид хонаводаашро сарпарастӣ намояд, гӯё ҷиҳод кардааст

Аз Зайд ибни Холид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе, як муҷоҳидро дар роҳи Худо омода созад (бо мол ё таҷҳизот), гӯё худаш ҷиҳод кардааст. Инчунин ҳар касе, дар вақти ғоиб будани муҷоҳид хонаводаашро сарпарастӣ намояд, гӯё ҷиҳод кардааст."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар кас муҷоҳидеро дар роҳи Худо бо омода кардани василаҳои сафар ва он чи ӯ ба он ниёз дорад, монанди силоҳ, маркаб, хӯрок, нафақа ва ғайра, кумак кунад, ӯ дар ҳукми худи муҷоҳид аст ва савоби ҷиҳодро соҳиб мешавад. Ҳамчнин ҳар кас, ки масъулияти хонаводаи муҷоҳидро бар уҳдаи худ гирад, бо некию эҳсон ва дар вақти набудани ӯ аҳли хонаводаву наздикони ӯро нигоҳубин кунад, пас ӯ низ дар ҳукми ғозист ва савоби ӯро мегирад.

فوائد الحديث

Тарғиби мусалмонон ба ҳамкорӣ ва кумак ба якдигар дар корҳои нек.

Ибн Ҳаҷар мегӯяд: Дар ин ҳадис ташвиқест ба некӯкорӣ нисбат ба касе, ки ба манфиати мусалмонон коре анҷом додааст ё масъулияти муҳиме аз умури онҳоро бар дӯш гирифтааст.

Қоидаи умумӣ: Касе, ки ба касе дар ибодати Худо кумак кунад, мисли ба даст овардани подоши он шахс, подоши пурра мегирад, аз подоши ӯ чизе кам намешавад.

التصنيفات

Фазилати ҷиҳод