إعدادات العرض
Агар рост бигӯяд, растагор аст
Агар рост бигӯяд, растагор аст
Аз Талҳа ибни Убайдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Марде аз аҳли Наҷд бо сари жулида назди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад. Садояшро аз дур мешунидем, вале намефаҳмидем чи мегӯяд, то ин ки ба Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наздик шуд ва фаҳмидем, ки дар бораи Ислом мепурсад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Панҷ вақт намоз дар шабонарӯз." Гуфт: Ҷуз ин панҷ вақт намоз бар ман намози дигаре ҳам воҷиб аст? Фармуд: "На, магар ин ки намози нафл бихонӣ." Он гоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ва рӯзаи моҳи Рамазон" (низ воҷиб аст). Он мард гуфт: Оё рӯзаи дигаре ҳам бар ман воҷиб аст? Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "На, магар ин ки худ рӯзаи нафлӣ бигирӣ." Сипас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закотро барояш зикр кард. Он мард пурсид: Оё ҷуз закот садақаи дигаре ҳам бар ман воҷиб аст? Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "На, магар ин ки садақаи нафлӣ бидиҳӣ." Он мард баргашт ва мегуфт: Савганд ба Аллоҳ чизе бар инҳо намеафзоям ва чизе аз онҳо кам намекунам. Пас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар рост бигӯяд, растагор аст."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Kiswahili Português සිංහල دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી Hausa नेपाली Română മലയാളം Nederlands Soomaali తెలుగు پښتو Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof Malagasy বাংলা Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ ភាសាខ្មែរ Tagalog Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Марде аз аҳли Наҷд бо мӯйҳои жулида назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад, садояш баланд ва суханаш номафҳум буд. То ин ки ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расид ва дар бораи фарзҳои Ислом аз ӯ пурсид. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз намоз оғоз кард ва ба ӯ хабар дод, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бигузорад. Он мард гуфт: Оё ғайр аз ин панҷ намоз, намози дигаре бар ман воҷиб аст? Фармуд: На, магар ин ки намозҳои нафл бихонӣ. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Аз ҷумлаи чизҳое, ки Аллоҳ бар ту фарз гардонида аст, рӯзаи моҳи Рамазон аст. Он мард гуфт: Оё ба ҷуз моҳи Рамазон рӯзаи дигаре бар ман воҷиб аст? Фармуд: На, магар ин ки рӯзаи нафлӣ бигирӣ. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закотро зикр кард. Он мард гуфт: Оё баъд аз закоти фарзӣ барои ман садақаи дигаре воҷиб аст? Фармуд: На, магар ин ки садақаи нафлӣ бидиҳӣ. Баъд аз он ки он мард ин фарзҳоро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид, баргашт ва ба Аллоҳ савганд ёд кард, ки ба анҷоми ин корҳо пойбанд хоҳад буд ва чизе бар он намеафзояд ва чизе аз он кам намекунад. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар пайи он фармуд: Агар он мард ба савганди худ вафо кунад, аз растагорон аст.فوائد الحديث
Самоҳати шариати исломӣ ва осонии он барои мукаллафон.
Рафтори неки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо он мард, он Ҳазрат иҷозат доданд, ки он мард ба ӯ наздик шавад ва аз ӯ суол кунад.
Дар даъват оғоз кардан бо муҳимтар ва сипас муҳим.
Ислом эътиқод ва амал аст. Бинобар ин амал бидуни имон суде надорад ва имон бидуни амал низ судманд нест.
Аҳамияти ин амалҳо ва онҳо аз аркони Ислом ҳастанд.
Намози ҷумъа аз ҷумлаи намозҳои панҷгона аст, зеро он рӯзи ҷумъа дар ивази намози пешин хонда мешавад.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таълими худро бо муҳимтарин фароизи Ислом яъне, аркони Ислом баъд аз калимаи шаҳодат оғоз карданд. Зеро ӯ мусалмон буд ва калимаи шаҳодатро гуфта буд. Ва аз ҳаҷ ном набурданд, зеро ҳанӯз фарз нашуда буд, ё ҳанӯз вақти он фаро нарасида буд.
Агар инсон дар шариат танҳо ба воҷиботи он иктифо кунад, растагор аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки анҷоми ибодатҳои нофила мустаҳаб нестанд, зеро дар рӯзи қиёмат камбудии фароизро бо навофил ҷуброн мекунанд.
التصنيفات
Ислом