إعدادات العرض
Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад
Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад".
[صحيح] [رواه الترمذي وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan bm ქართული Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳар касе ба шахсе, ки аз ӯ қарздор аст муҳлат диҳад ё аз қарзи ӯ кам кунад, подошаш он аст, ки вақте рӯзи қиёмат хуршед бар сари бандагон наздик мешавад ва гармияш болои онҳо шиддат меёбад, Худованд ӯро зери сояи арши Худ қарор медиҳад, рӯзе, ки дар он касе ҷуз сояи Худованд соя нахоҳад ёфт.فوائد الحديث
Фазилати осонгирӣ бар бандагони Аллоҳ Таъоло ва баёни инки он аз сабабҳои наҷот ёфтан аз ваҳшат ва сахтиҳои рӯзи қиёмат аст.
Муҷозот ва подош вобаста ба амал аст.
التصنيفات
Зиндагии охират