إعدادات العرض
Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот…
Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд
Аз Ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд. Пас, вақте чунин карданд, ҷон ва молашонро аз ман ҳифз кардаанд, магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисобашон назди Аллоҳ аст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Shqip Wolof Українська ქართული Moore Magyar Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek ភាសាខ្មែរ தமிழ் msالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки Аллоҳ ба ӯ амр кардааст, бо мушрикон биҷангад, то онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳи ягонаи бешарик нест ва гувоҳӣ диҳанд, ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фиристодаи Аллоҳ аст. Ва ба муқтазои ин шаҳодат амал кунанд. Аз ҷумла, пойбандӣ ба намозҳои панҷгона дар шабонарӯз ва додани закоти фарзӣ ба мустаҳиқони он. Пас, агар ин корҳоро анҷом диҳанд, Ислом хун ва моли онҳоро ҳифз мекунад, аз ин рӯ, куштани онҳо ҷоиз нест, магар ин ки ҷурмеро муртакиб шаванд, ки бинобар аҳкоми Ислом сазовори куштан шаванд. Сипас Аллоҳ Таъоло ҳисоби онҳоро ба уҳда дорад, зеро Аллоҳ аст, ки аз ниҳони онон бохабар аст.فوائد الحديث
Аҳком бинобар зоҳир иҷро мешавад. Ва Аллоҳ он чиро, ки (дар дилҳо) пинҳон аст, ба уҳда мегирад.
Аҳамияти тавҳид ва ин ки он аввалин чизе аст, ки дар даъват ба он оғоз карда мешавад.
Ин ҳадис маънои онро надорад, ки мушрикон маҷбуран вориди Ислом шаванд, балки ба онҳо ихтиёри дохил шудан ба Ислом ё пардохти ҷизя дода шудааст. Аммо агар ибо варзиданд ва аз даъват ба Ислом саркашӣ карданд, танҳо тибқи аҳкоми Ислом ҷуз набард бо онон намемонад.
التصنيفات
Ислом