Савора бар пиёда ва раванда бар нишаста ва кам бар бисёр салом намояд

Савора бар пиёда ва раванда бар нишаста ва кам бар бисёр салом намояд

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Савора бар пиёда ва раванда бар нишаста ва кам бар бисёр салом намояд". Ва дар ривояти Бухорӣ омадааст: "Кӯчак бар бузург ва раванда бар нишаста ва кам бар бисёр салом намояд."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи одоби салом байни мардум фармудаанд: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу." Пас кӯчак бар бузург, савора бар пиёда, раванда бар нишаста ва адади кам бар адади бисёр салом диҳад.

فوائد الحديث

Тарзи чигунагии салом додан, ки дар ҳадис омадааст, мустаҳаб аст. Агар пиёда бар раванда салом диҳад ва дигар ҳолатҳои зикршуда, ҷоиз аст, аммо мухолифи беҳтар аст.

Паҳн кардани салом ба тавре ки дар ҳадис омадааст, сабаби муҳаббат ва ҳамбастагӣ аст.

Агар дар он чи зикр шуд баробар бошанд, беҳтаринашон касе аст, ки аввал салом гӯяд.

Камоли ин шариат дар баёни ҳар он чи мардум ба он ниёз дорад, аст.

Омӯзиши одоби салом ва ба ҷо овардани ҳаққи ҳар соҳибҳақ.

التصنيفات

Одоби салом ва иҷозат гирифтан