إعدادات العرض
Бар ҳар мафсале (банди ангушт, даст...) аз мафсалҳои мардум ҳар рӯз садақае лозим аст
Бар ҳар мафсале (банди ангушт, даст...) аз мафсалҳои мардум ҳар рӯз садақае лозим аст
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бар ҳар мафсале (банди ангушт, даст...) аз мафсалҳои мардум ҳар рӯз садақае лозим аст, Ҳар рӯз, ки офтоб тулуъ мекунад ва (шахс) байни ду нафар адолат барқарор мекунад ва шахсеро дар савор шудан ба маркабаш кумак мекунад ё матоъашро барои ӯ, ки бар маркабаш нишаста аст, мебардорад, барояш садақа аст. Сухани нек садақа аст ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз бармедорад садақа аст ва ин ки озор ва азиятеро аз роҳ дур мекунад, садақа аст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча Kiswahili ગુજરાતી नेपाली Română മലയാളം Nederlands తెలుగు پښتو Soomaali Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ ភាសាខ្មែរ O‘zbek தமிழ் msالشرح
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки бар ҳар мусалмони мукаллаф дар ҳар шабонарӯз ба андозаи адади мафосили устухонҳояш садақае аз рӯйи шукр барои Аллоҳ Таъоло, ки ба ӯ иноят бахшидааст ва барои устухонҳояш мафосиле қарор додааст, то онҳоро боз ва баста кунад, лозим аст. Ва ин ки ин садақа бо тамоми корҳои хайр анҷом дода мешавад ва маҳдуд ба бахшидани мол нест, аз ҷумла: Адолат ва оштӣ андохтан миёни ду шахсе, ки бо ҳам ихтилоф доранд, садақа аст, Вақте ба нотавоне кумак мекунӣ ба маркабаш савор шавад ва ашёашро барояш бардошта медиҳӣ, садақа аст. Сухани нек, аз қабили зикр, дуо, сулҳ ва ғайра, садақа аст. Ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз мегузорӣ, садақа аст. Ва аз роҳ дур кардани он чи зараровар аст, садақа аст.فوائد الحديث
Сохтор ва якпорчагии устухонҳои инсон яке аз бузургтарин неъматҳои Аллоҳ Таъоло аст. Аз ин рӯ, ҳар устухонро бояд аз номи худ садақа дод, то шукронаи он неъмат пурра шавад.
Ташвиқ ва тарғиб барои идомаи ин неъматҳо ҳар рӯз шукрона кардан.
Ташвиқ ба идома додани нофилаҳо ва садақаҳои ихтиёрӣ ҳар рӯз.
Фазилати ислоҳ байни одамон.
Ташвиқ ба ёрӣ додани бародарон, зеро ин ёрӣ додан худаш садақа аст.
Ташвиқ ба ҳозир шудан ба намозҳои ҷамоат ва роҳ рафтан ба сӯи масҷидҳо ва обод кардани масҷидҳо бо ин кор.
Эҳтиром ба роҳҳои мусалмонон бо дур сохтани ҳар он чи ба онон озору зиён мерасонад, воҷиб аст.
التصنيفات
Фазилати Ислом ва маҳосини он