Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам

Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ин калимаҳо дуо мекарданд: "Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам."

[Саҳеҳ] [رواه النسائي وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин чизҳо ба Аллоҳ паноҳ бурдааст: Якум: (Ё Аллоҳ, ман ба Ту паноҳ меорам) яъне ба Ту рӯй меорам ва аз Ту ёрӣ металабам, на аз ғайри Ту, (аз ғалабаи қарз), аз он ки қарз бар ман ғолиб гардад ва бо ғаму ташвиши он фишор ёбам. Инчунин аз ту мадад мехоҳам, то онро адо ва пардохт кунам. Дуюм: (Ва аз ғалабаи душман), аз он ки душман бар ман ғолиб шавад, маро мағлуб созад ё зулму ситам кунад, ва ман аз ту хоҳони дифоъ ва ёрӣ бар ӯ ҳастам, то офаташро боздорӣ ва бароям пирӯзӣ ато кунӣ. Сеюм: (Ва аз шодии душманон), паноҳ мебарам ба Ту, эй Парвардигор, аз он ки душманон аз бадбахтӣ, мусибат ё озоре, ки ба ман (ё ба мусалмонон) мерасад, хушҳол ва шод гарданд.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба паноҳ бурдан ба Аллоҳ Таъоло аз ҳар чизе ки инсонро аз итоат дур мекунад ва сабаби ғаму андуҳ мегардад, мисли қарз ва ғайра.

Худи қарз гирифтан мамнуъ нест, вале ишкол дар мавриди касе аст, ки дар баргардонидани қарз вафо карда наметавонад. Ин қарзе аст, ки бар инсон ғолиб мегардад ва "қарзи ғолиб" номида мешавад.

Бояд инсон худро аз ҳолатҳое дур дорад, ки сабаби масхара ва шодии дигарон гардад.

Баёни душмании кофирон бо мӯъминон ва хушҳол шуданашон дар бадбахтиҳо ва мусибатҳои мусалмонон.

Изҳори шодии душманон аз мусибате, ки ба инсон расидааст, аз худи он мусибат барои инсон сахттар аст.

التصنيفات

Дуоҳои маъсур (ривоятшуда)