Ҳамаи шумо чӯпонед ва ҳар кадоми шумо аз раияти худ пурсида мешавед

Ҳамаи шумо чӯпонед ва ҳар кадоми шумо аз раияти худ пурсида мешавед

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳамаи шумо чӯпонед ва ҳар кадоми шумо аз раияти худ пурсида мешавед. Бинобар ин ҳоким, ки бар мардум гумошта шудааст масъули онон аст. Мард дар хонаводааш масъули онон аст ва аз онон пурсида хоҳад шуд. Ва зан масъули хонаи шавҳар ва фарзандони худ аст ва дар бораи онон пурсида хоҳад шуд. Ва хидматгор масъули моли хоҷааш аст ва дар бораи он пурсида хоҳад шуд. Пас бидонед, ки ҳамаи шумо масъул ҳастед ва ҳамаи шумо дар бораи раияти худ мавриди пурсиш қарор хоҳед гирифт."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар як мусалмон дар ҷомеа масъулият дорад, ки онро бар уҳда дорад ва бояд онро дуруст анҷом диҳад. Ҳоким ва раҳбар масъули касоне аст, ки Аллоҳ масъулияти ононро ба ӯ супурда аст. Бинобар ин бояд аз дини онҳо муҳофизат кунад ва ононро дар баробари золимон ҳимоят кунад ва бо душманони онон ҷиҳод кунад ва ҳуқуқашонро поймол накунад. Ва мард масъули хонаводаи худ аст, ки нафақаи онҳоро таъмин кунад ва бо онон ба хубӣ муошират кунад ва таълиму тарбияи ононро ба уҳда гирад. Ва масъулияти зан дар хонаи шавҳараш ин аст, ки умури хонаашро ба хубӣ идора кунад ва фарзандонашро тарбият кунад ва дар бораи ин масъулият пурсида хоҳад шуд. Ва хидматгор - хоҳ ғулом бошад ё кирошуда - дар бораи молу кори хоҷааш масъул аст ва бояд он чи дар ихтиёр дорад, аз он муҳофизат кунад ва хидмати ӯро ба ҷо биёрад, зеро ӯ аз ин чизҳо пурсида хоҳад шуд. Бинобар ин ҳар як нафар масъули он чизе аст, ки ба уҳдааш гузошта шудааст ва аз он пурсида хоҳад шуд.

فوائد الحديث

Масъулият дар ҷомеаи мусалмонӣ умумӣ аст ва ҳар кас мувофиқи тавоноӣ ва қудрату масъулияти худ онро анҷом медиҳад.

Масъулияти зан бузург аст, ки ҳуқуқҳои худ дар назди шавҳар ва уҳдадориҳои худро дар назди фарзандонаш иҷро кунад.

التصنيفات

Вазифаҳои роҳбар ё ҳоким, Муошират миёни зану шавҳар, Тарбияи фарзандон